Ovozi.uz

Ӯзбекистон — Германия: кӣ ғалаба кард?

Дастаи мунтахаби миллии Ӯзбекистон дар даври 8-уми Олимпиадаи шоҳмот дар рақобати шадид аз Германия бо ҳисоби 1,5:2,5 шикаст хӯрд.

Ин аввалин мағлубияти шоҳмотбозони мо дар мусобиқа мебошад.

Германия дар ин олимпиада барои шоҳмотбозони Ӯзбекистон рақиби ношинос нест. Ин даста пештар мунтахаби Ӯзбекистон-3-ро бо ҳисоби 3,5:0,5 ва дар даври баъдӣ мунтахаби Ӯзбекистон-2-ро бо ҳисоби 2,5:1,5 мағлуб карда буд. Мутаассифона, дар даври 8-ум онҳо бар дастаи асосии Ӯзбекистон низ бо ҳисоби 2,5:1,5 пирӯз шуданд.

Яке аз натиҷаҳои назарраси Германия дар ин мусобиқа дар даври 5-ум ба даст омад.

Шоҳмотбозони Германия дар ин давр бар дастаи ИМА, ки таҳти рақами 1-уми рейтингии мусобиқа қарор дошт, бо ҳисоби 2,5:1,5 ғалаба карданд.

Ҳарчанд Германия дар даври 6-ум аз Хитой бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуд, дар даври 7-ум Туркияро бо ҳисоби 3:1 шикаст дода, дубора ба зинаҳои болоии ҷадвал баргашт.

Мунтахаби занонаи Ӯзбекистон бошад, бар дастаи номдори Нидерландия бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуда, мухлисони худро шод кард.

Дар рақобатҳои мардон мунтахаби Ӯзбекистон бо шарофати нишондиҳандаҳои иловагӣ мавқеи аввалро дар ҷадвали мусобиқа нигоҳ медорад.

Дар рақобатҳои занон бошад, дастаи Хитой бо 15 хол дар зинаи аввал қарор дорад. Духтарони Ӯзбекистон бо 13 хол мақоми шашумро ишғол мекунанд.

Ҳанӯз се даври дигар боқӣ мондааст. Дар ҳар се давр моро рақобатҳои муҳим интизоранд. Шоҳмотбозони мо бо дастаҳои пурқувват — ИМА, Нидерландия ва Арманистон рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.