Ovozi.uz

ӮЗБЕКИСТОН — ДУКАРАТ ЧЕМПИОНИ ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНИИ ШОҲМОТ!

Дар Самарқанд таърих навишта шуд!

Дастаи Ӯзбекистон ҳанӯз пеш аз анҷоми дидор бо Украина қаҳрамониро аз нигоҳи математикӣ таъмин кард. Зеро Ҳиндустон дар даври охир бо Маҷористон (Венгрия) бо ҳисоби 2:2 мусовӣ кард. Ӯзбекистон пас аз 10 давр аз Ҳиндустон як имтиёз пеш буд — 18 имтиёз бар 17.

Ин роҳ осон сипарӣ нашуд. Ӯзбекистон дар ҳамаи 7 даври аввали мусобиқа пирӯз шуд. Дар дидорҳои ҳалкунанда дастаи мо бар Ҳиндустон бо ҳисоби 2,5:1,5 ва бар Хитой бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Дар даври 8-ум Германия силсилаи пирӯзиҳои моро қатъ намуд, аммо дастаи мунтахаби мо фавран ба худ омад: дар даври 9-ум бар мунтахаби рақами яки мусобиқа — ИМА пирӯз шуд ва дар даври 10-ум Арманистонро бо ҳисоби 3,5:0,5 мағлуб кард.

Ва ниҳоят, пирӯзӣ бар Украина дар дидори охирин масъалаи медали тиллоро ҳал кард.

🇺🇿 Ҳайати дастаи Ӯзбекистон:

Ҷавоҳир Синдоров
Нодирбек Абдусатторов
Нодирбек Яқуббоев
Шамсиддин Воҳидов
Муҳиддин Мадаминов

Сардори даста — қаҳрамони собиқи ҷаҳон Рустам Қосимҷонов.

Чор нафар аз шоҳмотбозони ин ҳайат дар дастаи Ӯзбекистон, ки соли 2022 дар Олимпиадаи Ченнай медали тилло ба даст оварда буд, низ ҳузур доштанд.

Натиҷаҳои Ӯзбекистон дар се Олимпиадаи охирини шоҳмот махсусан қобили таваҷҷуҳанд:

🥇 2022, Ченнай — ТИЛЛО
🥉 2024, Будапешт — БИРИНҶӢ
🥇 2026, Самарқанд — ТИЛЛО

Ҳамин тавр, Ӯзбекистон дар се Олимпиадаи пайдарпайи шоҳмот бе медал намонд ва дар зарфи чаҳор сол бори дуюм дар бахши Open қаҳрамони ҷаҳон гардид.

Ҷиҳати хоссаи чемпионии имсола дар он аст, ки ин пирӯзӣ дар ватани худамон — Самарқанд ба даст омад.

Соли 2022 баъзеҳо медали тиллои Ӯзбекистонро дар олимпиада шояд натиҷаи тасодуфӣ ё як муваффақияти якдафъаина медонистанд. Аммо соли 2026 дастаи мо дар тамоми мусобиқа бозии пурқуввату боэътимод нишон дода, бори дигар ба қуллаи шоҳмот баромад.

Ин дафъа шоҳмотбозони мо на танҳо чемпион шуданд, балки бо бозии худ нишон доданд, ки муваффақияти соли 2022 тасодуфӣ набудааст ва ҷамоаи Ӯзбекистон дар шоҳмоти ҷаҳонӣ мавқеи бисёр қавӣ дорад.

🇺🇿🏆 ӮЗБЕКИСТОН — ЧЕМПИОНИ 46-УМИ ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНИИ ШОҲМОТ!

Қаҳрамонони моро ва тамоми мардуми Ӯзбекистонро ба муносибати ин пирӯзии таърихӣ аз самими қалб табрик мегӯем!