Ovozi.uz

Mаъракаи якмоҳаи пешгирии саратони сина

Дар Ӯзбекистон маъракаи якмоҳа бахшида ба пешгирӣ ва ошкоркунии барвақтии саратони сина — «Октябри гулобӣ» оғоз ёфт, — хабар медиҳад Агнети иттилоотии Podrobno.uz.

Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳар сол тақрибан 2,4 миллион нафар зан дар олам ҷаҳон гирифтори саратони сина мешаванд. Агар ин ҳолат давом кунад, шумораи беморон метавонад то соли 2050 38 дарсад ва сатҳи фавт 68 фоиз афзоиш ёбад.

«Октябри гулобӣ» аз соли 1993 дар бисёр кишварҳо баргузор мешавад. Мақсади он баланд бардоштани огоҳии занон дар бораи пешгирӣ, имкониятҳои ташхиси барвақтӣ ва дастгирии онҳое мебошад, ки табобат мегиранд.Дар Ӯзбекистон саратони сина маъмултарин бемории онкологӣ дар байни занон боқӣ мемонад.

Дар солҳои охир, барои беҳтар кардани самаранокии ташхис ва табобат қадамҳои назаррас гузошта мешаванд. Барномаи давлатии мубориза бо саратони гарданаки бачадон ва сина барои солҳои 2025-2030 қабул шудааст. Он густариши скрининг, рушди маммография ва фароҳам овардани шароит барои табобати саривақтиро дар назар дорад.