Мувофиқи фармони Президент
Дар фармони Президентамон аз 23‑юми сентябри соли равон «Дар бораи чораҳо оид ба таҳкими нақши маҳаллаҳо дар татбиқи лоиҳаи умумиҷумҳурии «Макони сабз» ва ба таври куллӣ баланд бардоштани сатҳи сабзазор кардани ҳудудҳо» дар мавсими тирамоҳ дар ҳудуди вилоят шинонидани 11 миллиону 355 ҳазору 500 дона ниҳоли дарахту буттаҳои ороишӣ, мевадиҳанда ва қаламчаҳо пешбинӣ шудааст.
Ин фармон дар маҳаллаҳо фароҳам овардани муҳити мусоиди экологӣ, баланд бардоштани қобилияти нашъу намои ниҳолҳо ва дар соҳаҳо ба таври васеъ роҳандозӣ намудани технологияҳои рақамиро пешбинӣ мекунад.
Тибқи фармон, дар доираи лоиҳаи умумиҷумҳурии «Макони сабз» тавассути ҷорӣ намудани стандарти байналмилалии «3–30–300», ки таъмини 3 дарахт барои ҳар як сокини маҳалла, 30 дарсади сояи дарахтон ва мавҷудияти ҳудуди сабз дар масофаи тақрибан 300 метрро пешбинӣ мекунад, сатҳи кабудизоркунии маҳалла баланд бардошта мешавад. То соли 2030 шумораи боғу паркҳои сабзро ба 1023 адад расонида, 257‑тои онҳо дар тирамоҳи соли 2026 бунёд карда мешаванд.
Дар ҳар як ноҳия ва шаҳр на камтар аз 5‑тоӣ кӯчаҳои соядори барои сайругашт пешбинишуда бо дарозии на камтар аз 10 километр ташкил хоҳанд шуд.
Аз 1‑уми октябри соли равон дар ҷумҳурӣ думоҳаи пурдолузарби тозагӣ ва ободонӣ гузаронида мешавад. Аз ҳамин сана чораҳо оид ба муайян намудани ҷойгиршавии ҳудудҳои сабз, омода кардани заминҳо, ташкили захираи ниҳолҳо ва буттаҳо андешида мешаванд. Аз 1‑уми ноябр мавсими шинонидани ниҳол ва буттаҳо оғоз мегардад.
Аз 1‑уми январи соли 2027 низоми нави татбиқи лоиҳаи умумиҷумҳурии «Макони сабз» дар сатҳи маҳалла роҳандозӣ шуда, дар доираи лоиҳаи «Маҳаллаи сабз» бастаи «Кабудизоркунии маҳалла» амалӣ карда мешавад. 90 дарсади маблағҳои ҷаримаҳои экологиро ба Фонди маҳалла равона мекунанд. На камтар аз 30 дарсади маблағҳои Фонди маҳалла барои хидматрасониҳои сабзазоркунии маҳалла (ниҳол, нуриҳо, обёрӣ) сарф карда мешаванд. Агентии хоҷагии ҷангал ба ҳар як маҳалла корманди ҷангалбон-мураббиро вобаста мекунад.
Бо мақсади дастгирии талабот ва пешниҳодҳои аҳолӣ оид ба бунёди боғҳои сабз аз 1‑уми январи соли 2027 низоми «Лоти сабз» роҳандозӣ карда мешавад. Ҳамчунин, усули ксерискейпинг, ки ба шинонидани растаниҳои камобталаб ва ба хушксолӣ тобовар равона шудааст, гузаронида мешавад. Ба таври таҷрибавӣ дар муҳлати шаш моҳ модули ёвари «AI-и сабз» ба кор дароварда шуда, тавассути зеҳни сунъӣ ва моҳвора майдонҳои шинонидани ниҳолҳо, намудҳои мувофиқи дарахтон ва хатарҳо ба таври автоматӣ муайян карда мешаванд.
Бо фармон ба Кумитаи экология, Иттиҳоди маҳаллаҳои Ӯзбекистон ва ҳокимияти вилоят супориш дода шудааст, ки дар муҳлати 3 моҳ аз ҳисоби маблағҳои Фонд татбиқи барномаи сабзи ноҳияи Ургутро оғоз намоянд. Ҳамчунин, ҳокимияти вилоят якҷо бо Кумитаи экология ва Агентии хоҷагии ҷангал дар муҳлати 3 моҳ дар боғҳои ботаникӣ ва дендрологӣ, хоҷагиҳои ҷангал ва идораҳои ободонӣ низоми компосткунӣ ва мулчакунӣ (усули пӯшонидани сатҳи хоки атрофи растанӣ бо маводи махсус)-ро ба роҳ мемонад.
Шаҳри Самарқанд дар ҳамкорӣ бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ (FAO)-и Созмони Милали Муттаҳид ба ташаббуси «Шаҳрҳои сабз» ҷалб карда мешавад. Дар доираи лоиҳа то моҳи июни соли 2027 оид ба идоракунии кабудизоркунии шаҳр, беҳтар намудани сифати ҳаво ва нарм намудани микроиқлим чораҳои амалии зарурӣ ва «харитаи роҳ»-и ҳамкорӣ таҳия карда мешаванд.
Дар мавсими тирамоҳ чӣ қадар ниҳол шинонда мешавад?
