Имрӯз дар бинои прокуратураи вилоят бо иштироки масъулони соҳа, соҳибкорон ва кормандони васоити ахбори оммавӣ анҷумани матбуотӣ баргузор гардид. Дар он доир ба корҳое, ки прокуратураи вилоят ҷиҳати дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ анҷом додааст, маълумот дода шуд.
Аз ҷумла, зикр гардид, ки дар прокуратураи вилоят ва прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо фаъолияти штабҳое ба роҳ монда шудааст, ки ба субъектҳои соҳибкорӣ пайваста ёрии амалӣ мерасонанд.
— Штабҳои таъсисдодашуда дар давраи сипаришудаи соли ҷорӣ муаммои зиёда аз 1000 субъекти соҳибкориро ҳал намуданд, — гуфт ҷонишини прокурори вилоят Ҷ. Юлдашев. — Аз ҷумла, ба 323 субъект дар масъалаи гирифтани кредит, ба 14 субъект ҷиҳати ҷудо намудани замин, ба 8 субъект барои ҷудо намудани бино, ба 464 субъект дар масъалаи пайваст шудан ба шабакаҳои коммуникатсионӣ, ба 19 субъект дар самти ба расмият даровардани литсензия ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва ба 242 субъект оид ба дигар масъалаҳо ёрии амалӣ расонида шуд. Дар натиҷа, фаъолияти 895 субъекти соҳибкорӣ барқарор гардида, зиёда аз 2000 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.
Таъкид гардид, ки дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилоят 42 ҳолати вайрон намудани тартиби санҷиши фаъолияти соҳибкорӣ ошкор гардида, вобаста ба онҳо 14 тақдимнома ирсол карда шудааст. Дар натиҷа, 55 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуда, ҳуқуқҳои вайроншудаи зиёда аз 800 субъекти соҳибкорӣ барқарор гардидаанд.
— Аз соли 2016 ин ҷониб марбут ба бартараф намудани муаммо ва оғоз кардани фаъолияти корхонаи худ зиёда аз 100 маротиба ба ташкилотҳои дахлдор муроҷиат кардам, вале муаммоҳо ҳал нашуданд, — гуфт роҳбари ҶММ “Қаҳҳор ота агро сервис” Абдураҳмон Қаҳҳоров. — Бо дахолати кормандони прокуратураи вилоят муаммоҳои пайвастан ба гази табиӣ ва қувваӣ барқ, ташаккул додани ҳуҷҷатҳои кадастрии бинои сохташуда ва реализатсияи маҳсулотҳои дар анбори гумрук истода бартараф гардиданд. Ҳоло фаъолияти корхонаам хуб пеш меравад ва 250 нафарро бо кор таъмин намудаам.
Дар идомаи анҷумани матбуотӣ оид ба ботии телеграмии мақомот, ки барои баёни дархост, пешниҳод ва муаммоҳои соҳибкорон пешниҳод шудааст, маълумот дода шуд. Муаммо, пешниҳод ва дархостҳоеро, ки соҳибкорон ба воситаи ин бот (@samtadbirkoryordambot) ирсол менамоянд, кормандони прокуратураи вилоят дар муддати як ё якчанд соат баррасӣ ва ба ташкилотҳои дахлдор ирсол менамоянд.
Чорабинӣ бо пресс-тур идома ёфт ва журналистону блогерон аз ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуди «Urgut Mikro Metal» ва «AGRO DRY FRUITS» дидан карданд. Алоҳида тазаккур дода шуд, ки муаммоҳои ин корхонаҳо низ бо кумаки мақомоти прокуратураи вилоят ҳалли худро ёфтаанд.
Мувофиқи маълумоти роҳбари ҶММ «Urgut Mikro Metal», корхона аз соли 2019 фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Баъдтар, ба таркиби он корхонаҳои дигарро ҳам ҳамроҳ кардаанд. Дар онҳо асосан воситаҳои гигиенӣ, аз ҷумла шёткаи дандоншӯӣ, салфетка, памперс ва ғайра истеҳсол карда мешаванд. Ҳоло дар ин корхонаҳои муштарак қариб 200 нафар кор мекунанд. Муаммои 4-солаи ҳуҷҷатҳои кадастрии яке аз ин корхонаҳо бо ёрии кормандони прокуратура бартараф гардидааст.
ҶММ «AGRO DRY FRUITS» бошад, ба нассоҷӣ, аз ҷумла ба истеҳсоли ҷӯробҳо тахассус дорад. Муаммои ин корхона вобаста ба норасоии қувваи корӣ будаасту мақомоти номбурда фавран ярмаркаи корӣ ташкил намуда, барои корхона коргари кофӣ ёфта додааст.
Ҳасан СУЛАЙМОНӢ
