Имтиёзҳо барои хидматчиёни ҳарбӣ
Хидматчиёни ҳарбӣ, ки дар хидмати муддатноки ҳарбӣ ҳастанд, аскарҳои оддӣ, ки бар асоси шартнома фаъолият доранд, инчунин, хидматчиёни ҳарбии ҳайати сержантҳо ҳуқуқи истифодаи ройгон аз нақлиёти мусофирбари шаҳр(ғайр аз таксӣ)-ро доранд.
Хидматчиёни ҳарбие, ки ярадор шудаанд, корманд ва хидматчиёне, ки ногирои гурӯҳҳои I ва II ҳастанд ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ҳуқуқ доранд, то соле як маротиба дар роҳи оҳан бепул рафту омад кунанд (ба омадан ва баргаштан).
Инчунин, мувофиқи қонунгузорӣ ба волидони хидматчиён — корманди ҳарбии фавтида соле ду маротиба ҳуқуқи истифодаи ройгон аз нақлиёти мусофирбарии роҳи оҳан ва ҳавоӣ дода шудааст.
