Тадқиқоте, ки дар Ҷопон гузаронида шудааст, нишон дод, ки мутолиаи рӯзнома метавонад ба баъзе функсияҳои зеҳнӣ, рӯҳия ва фаъолияти ҳаррӯзаи пиронсолони дорои нуқсонҳои сабуки маърифатӣ таъсири мусбат расонад.
Мутолиаи ҳаррӯза на танҳо роҳи гирифтани иттилоъ, балки яке аз усулҳои одии ҳавасмандсозии мунтазами фаъолияти мағзи сар низ буда метавонад. Натиҷаҳои тадқиқоте, ки дар маҷаллаи «Frontiers in Aging» нашр шудааст, таъсири эҳтимолан мусбати мутолиаи рӯзномаро ба фаъолияти маърифатии пиронсолон низ нишон дод.
Дар тадқиқот сокинони шаҳри Куруме дар Ҷопон, ки аз 60 сол боло буда, дорои нуқсонҳои сабуки маърифатӣ буданд ва дар шаш моҳи охир мунтазам рӯзнома намехонданд, иштирок карданд. Пас аз марҳилаи интихоб 64 нафар ба таври тасодуфӣ ба ду гурӯҳ ҷудо шуданд. Тадқиқотро 63 нафар пурра анҷом доданд: 31 нафар ба гурӯҳи таҷрибавӣ ва 32 нафар ба гурӯҳи назоратӣ дохил шуданд.
Дар давоми 26 ҳафта ба иштирокдорони гурӯҳи таҷрибавӣ ҳар субҳ рӯзнома ройгон дастрас карда мешуд. Аз онҳо талаб карда мешуд, ки ҳадди ақал чор рӯз дар як ҳафта рӯзнома хонанд. Иштирокдор бояд аз саҳифаи аввал ҳадди ақал як мақолаи мавриди таваҷҷуҳашро мутолиа карда, яке аз бахшҳои рӯзномаро бо овози баланд мехонд ва дар викторина иштирок мекард. Гурӯҳи назоратӣ тарзи муқаррарии зиндагии худро идома дод.Дар анҷоми тадқиқот ҳолати маърифатии иштирокдорон тавассути санҷиши MoCA-J арзёбӣ шуд.
Дар гурӯҳи мунтазам рӯзнома хондагон натиҷа ба ҳисоби миёна 0,97 хол беҳтар гардид, дар ҳоле ки ин нишондиҳанда дар гурӯҳи назоратӣ 0,5 хол коҳиш ёфт. Ҳамин тариқ, фарқи байни ду гурӯҳ 1,47 холро ташкил дода, аз нигоҳи оморӣ назаррас арзёбӣ шуд.
Таъсири мусбати дигари мутолиаи рӯзнома дар ҳолати рӯҳӣ ва фаъолияти ҳаррӯзаи иштирокдорон мушоҳида гардид. Аз ҷумла, дар шахсоне, ки мунтазам рӯзнома мехонданд, нишондиҳандаҳои ҷадвали GDS-15-J, ки нишонаҳои депрессияро арзёбӣ мекунад, беҳтар шуданд. Ҳамчунин, натиҷаҳои LSA, ки сатҳи фаъолияти шахсро дар ҳаёти ҳаррӯза муайян мекунад, дар муқоиса бо гурӯҳи назоратӣ тамоюли мусбат нишон дод.
Тибқи натиҷаҳои санҷиши MMSE-J низ дар байни иштирокдорони рӯзномахон тағйироти мусбат ба қайд гирифта шуд. Аммо ин натиҷа байни ду гурӯҳ аз нигоҳи оморӣ фарқи назаррасро нишон надод.
Ба гуфтаи муаллифони тадқиқот, мутолиаи рӯзнома метавонад яке аз роҳҳои нисбатан арзон ва осони дастгирии фаъолияти зеҳнии пиронсолон бошад. Аз ҷумла, раванди мутолиа ҳамзамон якчанд равандҳои зеҳнӣ, аз қабили қабули иттилоъ, дарки матн, бо овози баланд хондан ва ҷавоб додан ба саволҳоро фаъол мекунад.
Ҳамзамон, олимон таъкид мекунанд, ки натиҷаҳои тадқиқот бояд бо эҳтиёт шарҳ дода шаванд. Зеро ин тадқиқот хусусияти ибтидоӣ дошта, дар он шумораи нисбатан ками ихтиёриёни дорои нуқсонҳои сабуки маърифатӣ иштирок кардаанд. Аз ин рӯ, барои муайян кардани таъсири дарозмуддати мутолиаи рӯзнома ба саломатии маърифатӣ гузаронидани тадқиқотҳои васеътар зарур аст.
