Ҳамлагари фаронсавии бошгоҳи «Реал Мадрид» Килиан Мбаппе омода аст, ки соли 2027 ба “Ливерпул” гузарад. Дар ин бора рӯзноманигори испанӣ Франсуа Гайярдо хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, “Ливерпул” аллакай бо модар ва агенти футболбоз — Файза Ламари тамос гирифтааст. Тибқи маълумоти рӯзноманигор, дар байни бошгоҳҳои Премйер-лигаи Англия маҳз “Ливерпул” интихоби Мбаппе мебошад.
Рӯзноманигор ҳамчунин изҳор доштааст, ки Мбаппе дар ҳуҷраи либосивазкунии «Реал Мадрид» дастгирии кофиро эҳсос намекунад ва ин вазъ ӯро нороҳат кардааст.
Мбаппе тобистони соли 2024 пас аз ба охир расидани муҳлатҳои шартномааш бо «Пари Сен-Жермен» ба таври озод ба «Реал Мадрид» гузашт. Шартномаи ҳозираи ҳамлагари фаронсавӣ бо бошгоҳи шаҳри Мадрид то тобистони соли 2029 эътибор дорад.
Ёдовар мешавем, ки Мбаппе дар ҳайати «Реал Мадрид» 111 бозӣ анҷом дода, 94 гол зада ва 14 партофти головар анҷом додааст.
