Сармураббии собиқи «Манчестер Юнайтед» — сэр Алекс Фергюсон хотираҳои худро аз яке аз финалҳои драмавии Лигаи чемпионҳо — бозӣ бо «Бавария» дар мавсими 1998/1999 баён кард.
«Дар бораи он финал аллакай бисёр гуфтаанд ва ман қариб ҳар рӯз бо ёдоварии он рӯ ба рӯ мешавам. Эҳтимол, барои ман ин муҳимтарин бозӣ буд, зеро то он вақт ҳеҷ гоҳ муваффақ нашуда будам, ки Ҷоми қаҳрамонҳои Аврупоро ба даст орам. Агар фаъолияти мураббигии худро бе расидан ба ин ҳадаф ба анҷом мерасондам, хеле таассуфовар мебуд.
Ман ҳамеша ин ҷоизаро ҳамчун дастоварди асосие медонистам, ки дар фаъолияти ман намерасид. Аммо агар дар бораи бозиҳое суҳбат кунем, ки пеш аз ҳама ба ёдам меоянд, онҳо бештар бо одамон алоқаманданд, на танҳо бо худи футбол», — фишурдаи суханони Фергюсонро нашрияи The Observer иқтибос овардааст.
Дар финали Лигаи чемпионҳои мавсими 1998/1999 «Манчестер Юнайтед» то вақти иловашуда аз «Бавария» ақиб буд. Дар лаҳзаҳои охири бозӣ дастаи шаҳри Манчестер тавонист ду гол зада, пирӯзиро ба даст орад.
Сараввал, Тедди Шерингем дар дақиқаи 91-ум ҳисобро баробар кард. Ҳамагӣ ду дақиқа пас Уле-Гуннар Сулшер голи ғалабаро ба самар расонд ва «Манчестер Юнайтед» бори дигар таърихи футболро навишт.
