Ovozi.uz

Дар Самарқанд ва Хоразм ҷамъ 5,5 кило маводи мухаддири «опий» мусодира карда шуд

Дар ҷараёни амалиёти фаврӣ, ки аз ҷониби кормандони Садорати хидмати бехатарии давлатӣ дар вилояти Самарқанд дар ҳамкорӣ бо садоратҳои гумрук ва корҳои дохилии вилоят гузаронида шуд, миқдори зиёди маводи мухаддир, ки ба кишварамон бо роҳи контробанда ворид карда шуда буд, мусодира гардид.

Аз ҷумла, дар асоси маълумоти фаврии бадастомада манзили истиқоматии шаҳрванди соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Ургут, бо иштироки шахсони холис мавриди санҷиш қарор гирифт.

Дар натиҷа муайян карда шуд, ки ӯ дар ҳавлии худ 4 килою 988 грамм маводи мухаддири «опий»-ро зери хок пинҳон кардааст. Ин маводи мамнӯъ ҳамчун далели ашёвӣ ба расмият дароварда ва мусодира карда шуд.

Ғайр аз ин, дар ҷараёни амалиёти фаврӣ, ки аз ҷониби кормандони Садорати хидмати бехатарии давлатӣ дар вилояти Хоразм дар ҳамкорӣ бо садоратҳои гумрук ва корҳои дохилии вилоят гузаронида шуд, маводи мухаддири аз кишвари ҳамсоя овардашуда ошкор гардид.

Аз ҷумла, ду шаҳрванди соли таваллудашон 1989, сокинони шаҳри Тирмиз, ки қаблан таҳти назорати кормандони фаврӣ қарор доштанд, ҳангоми ҳаракат бо автомашинаи тамғаи «Кобалт» дар хатсайри «Сурхондарё — Хоразм» дар гузаргоҳи назоратии «Саримой» боздошт шуданд.

Ҳангоми санҷиши телефонҳои мобилии онҳо маълум гардид, ки дар қитъаи роҳи байналмилалии автомобилгарди А-380, ки аз ҳудуди ноҳияи Ромитани вилояти Бухоро мегузарад, маводи мухаддир пинҳон карда шудааст. Дар натиҷа, аз маҳалли мазкур 539 грамм маводи мухаддири «опий» дарёфт ва мусодира гардид.

Муайян карда шуд, ки қонуншиканон ният доштаанд ин маводи мухаддирро дар вилояти Хоразм ба фурӯш бароранд.

Айни замон аз рӯйи ҳар ду ҳолат бо моддаҳои 246 ва 273-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, амалҳои тафтишотӣ идома доранд.