Ovozi.uz

Рӯзҳои 21-22-юми октябр дар Самарқанд боз як анҷумани ҷаҳонӣ таҳти мавзӯи «Сармоягузорӣ ба некӯаҳволии кӯдакон: роҳ ба сӯи рушди устувор ва одилона барои наслҳои оянда» гузаронида мешавад. Пеш аз он барои намояндагони воситаҳои ахбори оммавии вилоят ба марказҳои иҷтимоии Самарқанд пресс-тур ташкил гардид.

Сараввал, сармутахассиси Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ Шоҳруҳ Ҳидоятов дар бораи модули навтаъсиси «Ҳифзи кӯдак» маълумот дод.

Таъкид гардид, ки ин платформа барои сари вақт муайян намудани хатарҳои вобаста ба кӯдакон ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо хизмат мекунад. Дар модул 28 самти хатар ва 146 меъёр муайян карда шудааст. Дар асоси маълумоти мақомоти давлатӣ, судҳо, муассисаҳои тиббӣ ва органҳои корҳои дохилӣ ҳолатҳои хатарнок ошкор карда мешаванд. Лозим ояд, дар давоми 24 соат чораҳои фаврӣ андешида шуда, барои ҳар як кӯдак нақшаи инфиродии ҳифз таҳия ва хизматрасониҳои иҷтимоии зарурӣ ташкил карда мешаванд.

Сипас, рӯзноманигорон бо фаъолияти Маркази хизматрасониҳои иҷтимоии «Инсон»-и шаҳри Самарқанд шинос шуданд.

Дар марказ ва 197 маҳаллаи шаҳр зиёда аз 290 нафар ходими иҷтимоӣ ба шаҳрвандони ниёзманди 12 гурӯҳи ҳифзи иҷтимоӣ беш аз 100 намуди хизматрасонӣ пешниҳод менамоянд.

— Ҳоло дар шаҳри Самарқанд 1006 нафар ноболиғ таҳти васигиву парасторӣ қарор доранд ва дар муассисаҳо тарбия мегиранд, — гуфт ҷонишини директори Маркази хизматрасониҳои иҷтимоии «Инсон»-и шаҳр Сардор Раббимов. — Барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо, дастгирии иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити муносиби зиндагӣ корҳои мунтазам анҷом дода мешаванд. Аз ҷумла, бо мақсади васеъ намудани доираи хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба кӯдакон, шумораи хизматрасониҳо дар маҳаллаҳо аз 25 ба 52 намуд расонида шуд. Ҳамчунин, се шакли алтернативии тарбияи оилавӣ ҷорӣ гардида, 893 нафар кӯдак бо хизматрасониҳои дахлдор фаро гирифта шуданд.

Ғайр аз ин, дар ҳамкорӣ бо маҳаллаҳои кӯдаконаи СОС-и шаҳри Самарқанд ба 120 нафар кӯдак хизматрасониҳои иҷтимоӣ расонида шуда, ба муҳити оилавӣ бозгаштани 11 нафар таъмин гардид.

Бо мақсади дастгирии иҷтимоӣ ба ятимон ва кӯдакони аз нигоҳубини волидон маҳрум, таъмини шуғл ва омодагии онҳо ба ҳаёти мустақилона, ба 81 нафар кӯдак ба воситаи Бунёди «Дафтари меҳр» дар самтҳои гуногун кумаки амалӣ расонида шуд.

Мувофиқи маълумотҳо дар ҷумҳурӣ чор маркази «Имкон» ва як маркази «Умед» фаъолият мекунанд. Дар ин муассисаҳо гурӯҳҳо ташкил шудаанд, ки будани кӯдаконро дар давоми 10,5 соат ё шабонарӯз таъмин мекунанд.

Мақсади асосии муассисаи ихтисосонидашудаи томактабии «Имкон» беҳтар намудани саломатии кӯдакон, барқарор намудани қобилияти онҳо, омӯзонидани малакаҳои нигоҳубини худ ва кумак ба мутобиқ шудани онҳо ба ҳаёти ҷомеа мебошад.

Ба ин марказҳо кӯдакони дусола, ки дорои бемориҳо ва нуқсонҳои гуногуни ҷисмонӣ ё инкишофӣ мебошанд, қабул карда мешаванд. Аз ҷумла, кӯдакони гирифтори каҷшавии сутунмӯҳра, каҷпойии модарзодӣ, артрогрипоз (беморие, ки ҳаракати буғумҳоро маҳдуд мекунад), фалаҷи мағзи сар, инчунин кӯдаконе, ки аз бемории остеомиелит осеб дидаанд, ба хизматрасониҳо фаро гирифта мешаванд. Ҳамчунин, барои кӯдакони дорои мушкилоти инкишофи зеҳнӣ ва нутқ, нуқсонҳои шунавоӣ, бемориҳои чашм ва нуқсонҳои модарзодии биноӣ хизматрасониҳои зарурӣ пешниҳод мегарданд.

Инчунин, хизматрасониҳои ташхисӣ ва машваратӣ, барқарорсозии психологию педагогӣ ва иҷтимоӣ низмавҷуданд.

— Муассисаи давлатии бисёрсоҳаи ихтисосонидашудаи таълими томактабӣ бо маркази реабилитатсияи «Имкон»-и ноҳияи Самарқанд моҳи октябри соли равон ба фаъолият оғоз намуд, — гуфт роҳбари муассиса Нигина Муродова. — Муассиса барои 150 нафар пешбинӣ шуда, аз 10 гурӯҳ иборат аст. Ба ин гурӯҳҳо 130 нафар мураббӣ, омӯзгор ва корманди иҷтимоӣ вобаста карда шудаанд. Ҳамзамон, ҳар моҳ то 100 нафар кӯдаки аз 2 то 18-сола ба таври амбулаторӣ беш аз 20 намуди хизматрасонии реабилитатсиониро мегиранд. Муассисаи мо бо беш аз 50 таҷҳизоти замонавӣ, ки аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Олмон ва Англия оварда шудаанд, таъмин гардидааст.