Ovozi.uz

Тарбияи дуруст аз фаҳмидани кӯдак оғоз меёбад

Ояндаи ҷомеа ба он вобаста аст, ки насли наврасро чӣ гуна тарбия мекунем, ва барои ташаккули шахсияти ӯ чӣ гуна муҳит фароҳам меорем.
Дар шароити имрӯза, ки талаботи ҷомеа ба дониш, малака ва муносибат бо атрофиён рӯз ба рӯз меафзояд, интихоби усулҳои дурусти тарбия аҳаммияти калон касб мекунад. Баъзан падару модар ва ҳатто омӯзгорон барои ба натиҷаи дилхоҳ расидан аз кӯдак иҷрои талаботро дар муҳлати кӯтоҳ интизор мешаванд. Аммо ҳар кӯдак суръати азхудкунии хоси худро дорад. Он чизе, ки барои як кӯдак осон аст, метавонад барои кӯдаки дигар вақт ва дастгирии бештар талаб кунад.
Аз ин рӯ, масъала танҳо ба он маҳдуд намешавад, ки кӯдак чӣ қадар дониш мегирад, балки муҳим аст, ӯ донишро дар кадом шароит аз худ мекунад. Тарбияи дуруст ба қобилият, боварӣ ба худ, мустақилона фикр рондан ва шавқи омӯзиши кӯдак шароит фароҳам меоварад. Муносибати имрӯзаи калонсолон метавонад ба ҷаҳонбинӣ, рафтор ва интихоби роҳи зиндагии ӯ дар оянда таъсир расонад.
Дар ёд дорам, ки ҳар рӯз бародари хурдиамро ба боғча мебурдам. Ӯ он вақт танҳо бо забони тоҷикӣ суҳбат мекард ва забони русиро намедонист. Вақте ба муҳити нави ворид шуд, дар муошират бо атрофиён душворӣ мекашид. Забони ношинос ва шароити нав барои ӯ монеаи муайян эҷод карда буданд. Ӯ барои фаҳмидани муҳит, одат кардан ба тартиби боғча ва пайдо кардани роҳҳои мулоқот ба вақт ниёз дошт.
Падарам ба тарбиятгар муроҷиат карда, хоҳиш намуданд, ки кӯдакро ба азхудкунии маҷбурии забон водор насозанд. Ба андешаи ӯ, агар кӯдак ҳоло барои фаҳмидан ва истифода бурдани забони нав омода набошад, набояд бо талаботи аз ҳад зиёд ба фишор дучор гардад. Беҳтар аст, ки ба ӯ барои шиносоӣ бо муҳит, мушоҳида ва омӯзиш имконият дода шавад.
Пас аз чанде ман тағйироти ҷолиберо мушоҳида кардам. Бародарам ҳангоми бозӣ бо бозичаҳои худ бо забони русӣ суҳбат мекард, онҳоро тавсиф менамуд ва ҳатто миёни онҳо гуфтугӯву саволу ҷавоб ташкил мекард. Ӯ калимаҳо ва тарзи баёни шунидаашро дар бозӣ истифода мебурд. Оҳиста-­оҳиста забон барои ӯ аз як монеаи муошират ба воситаи ифодаи фикр табдил ёфт.
Баъди тақрибан як сол ӯ аллакай бо забони русӣ озодона суҳбат мекард ва дар чорабиниҳои боғча низ фаъолона иштирок менамуд.
Ин мушоҳида барои ман танҳо як тағйироти одӣ дар рафтори кӯдак набуд. Он нишон дод, ки барои азхуд кардани малакаи нав на танҳо талабот, балки муҳити мувофиқ, имконияти амал кардан ва дастгирии атрофиён низ муҳиманд. Албатта, таҷрибаи як кӯдак наметавонад барои ҳамаи кӯдакон қоидаи ягона бошад. Аммо он метавонад моро водор созад, ки ба усулҳои тарбия бо диққати бештар назар кунем.
Синну сол, таҷрибаи бисёрсола, муҳити оила, муносибат бо ҳамсолон ва тарзи муоширати калонсолон аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки метавонанд ба омӯзиш ва рафтори ӯ таъсир расонанд.
Кӯдак ҳангоми мутобиқат кардан ба муҳити нав аввал мекӯшад онро фаҳмад, қоидаҳои онро омӯзад ва худро дар он роҳат ҳис кунад. Агар дар ин марҳила аз ӯ натиҷаи фаврӣ талаб карда шавад, эҳтимол дорад, ки диққати ӯ на ба омӯзиш, балки ба тарси хато кардан равона гардад. Баръакс, муносибати оромона, шарҳи фаҳмо ва дастгирии пайваста метавонанд барои иштироки фаъолонаи ӯ шароити фароҳам оварад.
Ӯ дар вазъияте, ки худро озод ҳис мекард, калимаҳои шунидаашро такрор менамуд ва онҳоро хаёлан истифода мебурд.
Ин нишон медиҳад, ки омӯзиш на танҳо тавассути дарс ва супориши мустақим, балки дар ҷараёни фаъолияти ҳаррӯза низ сурат мегирад.
Нуктаи муҳимро бояд таъкид кард: даст кашидан аз маҷбуркунӣ маънои даст кашидан аз тарбия, талабот ё интизомро надорад. Кӯдак ба роҳнамоӣ, ва муҳити мусоид ниёз дорад. Фарқ дар он аст, ки талабот бояд ба синну сол, имконият ва вазъияти мувофиқ бошад. Мақсади тарбия маҷбур сохтани кӯдак ба итоати кӯр-кӯрона нест, балки ба ӯ омӯзондани фаҳмиши дуруст, масъулият ва мустақилона амал кардан мебошад.
Ҳамзамон, набояд фаромӯш кард, ки ҳар кӯдак бо суръати омӯзиши гуногун инкишоф меёбад. Агар яке зуд ба муҳити нав одат кунад, дигаре метавонад ба дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бештар ниёз дошта бошад. Аз ин рӯ, муқоисаи пайвастаи кӯдакон бо ҳамсолон на ҳамеша натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Беҳтар аст, ки пешрафти ҳар кӯдак бо имконият ва муваффақиятҳои худи ӯ амали гардад.
Дар тарбияи кӯдак оила ва муассисаи таълимӣ мақоми аввалиндаражаро дорост. Оила ба ташаккули арзишҳои ахлоқӣ, муносибат, эҳтиром ва ба эҳсоси бехавфи замина мегузорад. Муассисаи таълимӣ бошад, барои васеъ гардидани ҷаҳонбинӣ, инкишофи дониш, малакаҳои иҷтимоӣ ва ҳамкорӣ бо дигарон имконият фароҳам меорад.
Вақте ки ин ду муҳит бо ҳам ҳамкорӣ мекунанд, кӯдак метавонад талаботу интизориҳои калонсолонро беҳтар дарк намояд. Аммо агар дар оила ӯро дастгирӣ кунанду дар муассисаи таълимӣ пайваста сарзаниш ё таҳқир намоянд, эҳтимол дорад, ки дар муносибат бо омӯзгор ва ҳамсолон худро бад ҳис кунад. Ҳамчунин, агар дар хона ба кӯдак имконияти мустақилона фикр кардан дода нашавад, ташаббус нишон додани ӯ дар муҳити таълимӣ низ метавонад душвор гардад.
Муносибати байни падару модар ва омӯзгор бояд ба эҳтироми дутарафа, ва ҳалли якжояи мушкилот асос ёбад. Ҳангоми пайдо шудани душворӣ муҳим аст, ки калонсолон пеш аз гунаҳкор кардани кӯдак сабабҳои эҳтимолии мушкилро муайян намоянд. Шояд ӯ супоришро нафаҳмидааст, ва ба шарҳи иловагӣ ниёз дорад ё барои мутобиқ шудан вақти бештар талаб мекунад.
Масъалаи забономузии кӯдакон низ аз ҳамин ҷиҳат аҳамиятнок аст. Надонистани забон ё муҳити нав набояд сабаби паст задани шаъну эътибори кӯдак гардад. Баръакс, бояд ба ӯ имконият дод, ки бо роҳи муошират, бозӣ, шунидан ва машқҳои мувофиқ малакаҳои забонии худро инкишоф диҳад. Дар баробари ин, иштироки фаъолонаи омӯзгор ва муносибати дурусти ҳамсолон барои фароҳам овардани муҳити дӯстона аҳаммияти калон доранд.
Муҳим он аст, ки кӯдак дарк намояд: хато кардан қисми табиии омӯзиш аст. Агар ӯ аз гуфтани калимаи нодуруст, ҷавоби нопурра ё иҷрои номуваффақи супориш натарсад, барои санҷидани имкониятҳои худ бештар кӯшиш мекунад. Маҳз чунин муҳит метавонад ба рушди мустақилият, эътимод ба худ ва шавқи омӯзиш кӯмак мекунад.
Барои беҳтар ба роҳ мондани раванди тарбияи кӯдакон, ба назари ман, риояи чанд принсип муҳим аст.
Якум, падару модар ва омӯзгорон бояд масулияти бар дӯш гиранд. Ҳангоми ба миён омадани душворӣ сабаби онро муайян карда, ба кӯдак барои бартараф намудани он ёрӣ расонанд.
Дуюм, муҳити оила ва муассисаи таълимӣ бояд аз эҳтиром, боварӣ ва дастгирӣ саршор бошад.
Сеюм, барои омӯзиши малакаҳои нав аз усулҳои гуногун, аз ҷумла бозӣ, суҳбат, мушоҳида, машқҳои амалӣ ва фаъолияти гурӯҳӣ истифода бурдан зарур аст. Интихоби усул бояд ба синну сол ва имкониятҳои кӯдак мувофиқ бошад.
Чорум, ба кӯдак бояд имконияти баёни фикр, савол додан ва мустақилона ҷустуҷӯ кардани ҷавоб фароҳам оварда шавад. Ин муносибат ба ташаккули тафаккури мустақил ва ҳисси масъулият кӯмак мекунад.
Панҷум, падару модар ва омӯзгорон бояд бо ҳам робитаи доимӣ дошта бошанд. Мубодилаи мушоҳидаҳо дар бораи рафтор, шавқ ва пешрафти кӯдак имкон медиҳад, ки мушкилот сари вақт муайян ва роҳҳои мувофиқи ҳалли онҳо интихоб карда шаванд.
Инсунин пешрафти кӯдак бояд на танҳо аз рӯйи натиҷаи охирин, балки аз рӯйи кӯшиш, иштироки фаъолона ва тағйироти мусбати ӯ низ баҳо додашавад. Ҳавасмандкунии самимӣ ва баҳои одилона метавонанд шавқи ӯро ба омӯзиш тақвият диҳанд.
Ин тавсияҳо талаб намекунанд, ки калонсолон аз кӯдак ҳар гуна натиҷаро бе ягон талабот интизор шаванд. Баръакс, мақсад аз он иборат аст, ки талабот бо фаҳмиш, интизом бо эҳтиром ва роҳнамоӣ бо имконияти мустақилона амал кардан ҳамоҳанг бошанд.
Таҷрибаи зиндагӣ нишон медиҳад, ки муносибати калонсолон метавонад ба тарзи фикрронӣ, рафтор ва муносибати кӯдак ва ба омӯзиш таъсир расонад. Мисоли бародари хурдиам, ки забони навро тадриҷан ва тавассути муоширату бозӣ аз худ кард, маро ба хулосае овард, ки дар тарбия шитобкорӣ на ҳамеша роҳи беҳтарини расидан ба натиҷа аст.
Кӯдак ба муҳаббат, роҳнамоӣ, интизом ва дастгирӣ ниёз дорад. Аммо дар баробари ин, ӯ бояд ҳамчун шахсияти алоҳида бо қобилият, шавқ ва имкониятҳои хоси худ эътироф карда шавад. Ба ӯ фурсат додан маънои бепарвоӣ карданро надорад; ин маънои онро дорад, ки калонсолон роҳи мувофиқи рушдро ҷустуҷӯ намуда, дар ҳар марҳила ҳамроҳ ва пуштибони ӯ мешаванд.

Ганҷина АБДУСАТТОРОВА