Саммити ҷаҳонии «Сармоягузорӣ ба фаровонии кӯдакон: роҳ ба сӯи рушди устувор ва одилонаи наслҳои оянда» ва Конгресси II байналмилалӣ оид ба онкологияи кӯдакона, ки дар Самарқанд баргузор мегарданд, имрӯз бо иштироки роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, вазирон ва коршиносон идома ёфта, сессияҳои пленарӣ баргузор мешаванд.
Аз ҷумла, дар сессияи «Сармоягузорӣ ба низомҳои одилона ва устувори ҳифзи саломатии кӯдакон, ки дар тамоми марҳилаҳои ҳаёт натиҷаҳои ченшавандаро таъмин мекунанд», роҳбари Маркази аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба ёрии аввалияи тиббию санитарӣ Мелитта Якаб дар бораи чораҳои ошкорсозӣ ва табобати барвақтии бемориҳои маъмул дар байни кӯдакон, пешгирии бемориҳои сироятӣ тавассути эмгузаронӣ, инчунин барномаҳо ва лоиҳаҳои соҳаи онкологияи кӯдакона маъруза кард.
Дар сессия вазири тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Элдор Адилов низ дар бораи корҳои анҷомдодашаванда дар кишвар ҷиҳати ҳифзи саломатии кӯдакон ва беҳтар намудани сифати хидматрасонии тиббӣ ба онҳо маълумот дод.
— Дар солҳои охир дар кишварамон барои ҳифзи саломатии кӯдакон, бахусус рушди соҳаи онкология ва гематологияи кӯдакона, корҳои васеъмиқёс анҷом дода мешаванд, — гуфт Э. Адилов. — Дар асоси қарорҳои дахлдори Президенти кишварамон Шавкат Мирзиёев, онкология ва гематологияи кӯдакона ҳамчун хидмати махсусгардонидашуда, ҷудо аз самти тибби калонсолон рушд ёфта, низоми расонидани ёрии тиббӣ дар ин соҳа пурзӯр карда мешавад.
Аз ҷумла, бо қарори Роҳбари давлатамон аз 19 майи соли 2025 тадбирҳои татбиқи Стратегияи миллии мубориза бо саратони кӯдакона барои солҳои 2025–2030 муайян карда шуданд. Дар доираи иҷрои ин қарор Нақшаи миллии расонидани ёрии тиббӣ ба кӯдакон ва наврасони гирифтори бемориҳои саратонӣ ва гематологӣ барои солҳои 2026–2035 таҳия ва тасдиқ гардид.
Аҳамияти ин ҳуҷҷатҳо дар он аст, ки онҳо ба ошкорсозии барвақтии саратони кӯдакона, васеъ намудани имкониятҳои истифодаи усулҳои муосири табобат ва баланд бардоштани сифати хидматрасонии тиббӣ равона шудаанд. Илова бар ин, мо дар Ташаббуси ҷаҳонии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба мубориза бо саратони кӯдакона иштирок мекунем. Соли 2024 кишварамон ҳамчунин ба ҳайси яке аз давлатҳои аввалини озмоишӣ ба Платформаи ҷаҳонии дастрасӣ ба доруҳои зарурӣ барои табобати саратони кӯдакона ҳамроҳ шуд.
Дар сессия, инчунин вазири тандурустии Ҷумҳурии Қирғизистон Дамирбек Османов, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, ҷонишини якуми вазири тандурустии Ҷумҳурии Беларус Елена Богдан, ҷонишини вазири тандурустии Россия Евгения Котова ва раиси Федератсияи шахсони ногироидоштаи шаҳри Пекин Ли Ян суханронӣ карда, дар бораи таҷрибаи кишварҳои худ дар самти пешгирӣ ва табобати бемориҳои кӯдакона, инчунин технологияҳои навтарини истифодашаванда дар табобати бемориҳои саратонӣ маълумот доданд.
