Ovozi.uz

Қиссаи нотамом

Қаҳрамони ҳикояи ман духтаре буд гулфурӯш. Ҷавоне гирифтори ишқи ӯ мегардад. Билохир, вомехӯранд. Ҷавон гулдастае ҳадя мекунад…
Чун тақвияти воқеа дар ин арса расид, маро дудилагие даст дод. Гумонам, ки ҳадя дили духтарро тасхир накард ва самимияти ҷавон қадр наёфт. Худи духтар, ки гулфурӯш буд, гӯё аз дасти фурӯшандае гирифту бӯид. Дар гуфтору рафторашон тобишҳои ҷаззоб бахшиданӣ шуда, ҳарчанд ба торҳои эҳсосоташон мизроб задам, вақти ҳаяҷонашон ба ҳам напечид. Ҷавон дар олами орзуҳо меболид, барои духтар гулдаста гӯё гаронӣ мекард.
Ба танг омада, ба кӯча баромадам. Дар кӯчаҳои шаҳр шоми рӯзи истироҳатӣ ба тамоми назаррабоӣ ҳукмфармо буд. Пӯшу илтифоти одамон низ хосса — гунаҳо фараҳбор, гардишҳо мисли рӯзҳои корӣ саросема не, ба майли хотир қадам зада, гӯё дар оҳанги кашф нашуда, вале басо форами шоми рангин пой меафкананд. Арғушти ҷавонони шӯху духтарони шукуфтарӯ лаҳзаҳои фаромӯшгаштаи ҷавониамро дар хотиротам эҳё мекарданд.
Ман ҳамоно дар хаёли қаҳрамонам бемақсадона қадам мезадам. Овозҳои ҳархела ва қаҳ-қаҳаҳои пасту баланд ба ҳам омехта, гӯё ба шаҳр забон ато мекарданд.
— Гули ҳафтранг!
— Садбарги ҳиндӣ!
— Наргис! Шомӣ! Ишқи печон!
Фарёди харидорхоҳонаи гулфурӯшон қиссаи нотамомамро маъво бахшид. Ман беихтиёр сӯйи раста гаштам. Анвои гулҳо дар сабадчаҳо ва гулдонҳои хурду калони махсуссохт боз ҳам шукуфта, чашмҳоро мерабуданд. Ман назди зебочеҳрае таваққуф намудам, ки танҳо ӯ харидор наметалабид ва ба гулҳои хушнамуди хеш нигариста, сукут меварзид.
— Салом.
Духтар ба ҷойи алайк сар афшонда монд.
— Гулдастае бандед, ки роз гӯяд, — гуфтам нимшӯхиву нимҷиддӣ.
Дархости сарбастаи ман нафорид магар, ки духтар сӯям нигоҳи нофораме афканд.
— Дар интихоби гул пиёдаам, — гуфтам, то ки дар ҳаққам гумони бад набарад.
Духтар дигар эътироз накард ва ба гулҳо синҷакорона нигариста, аз ҳар кадоми он чанддонагӣ ҷудо кард. Боз синҷа карда, ба таъбаш рост наомадаро иваз намуд. Ниҳоят, гулдастае баст, ки рангҳо муносиб афтода, гӯё омодаи арзи роз буданд.
Ман гулдастаро гирифта, пулашро додам. Сипас:
— Ин барои шумо, — гуфтам.
Духтар тааҷҷуб карда, ба ман нигарист. Аммо ин ҳолат дер давом накард. Гулдастаро гирифту пули маро баргардонд.
— Лозим нест, — хиҷолат шудам, — ростӣ гап, ба шумо чӣ хел фаҳмонам?.. Наход барои гулфурӯшон гулдаста чизи оддию ноарзанда бошад?
Дар нигоҳи духтар ранҷ шикаст. Ӯ гулдастаро дар гулдони холие гузошт ва дида ба замин дӯхта, дигар чизе нагуфт.
Чарост, ки сайри ман маъно бохт. Хона баргашта, боз паси миз нишастам. Қаламам побаста буд. Ба риққат омада, ба мусавадда чашм давондам. «Ҷавон дар олами орзуҳо меболид, барои духтар гулдаста гаронӣ мекард…» Чашмонамро пӯшида, давоми воқеаро тасаввур мекунам.
Одам сари худ чиҳоро фикр намекунад? Гоҳо меандешам, ки муҳаббати имрӯза ҷозиба бохтааст. Духтарон гесубурида, ҷавонон кашандаю нӯшанда. Дӯстдориҳо низ нӯкизабонӣ, фарзандон пайвандӣ, боз ким-чи хел балою батарҳо. Ба сони он, ки мурғони хонагӣ ёбоӣ гаштаанду рӯз аз рӯз аз лонаи хеш дур мепаранду дур меафтанд…
Пайвастани риштаи қисмати ҷавони масруру духтари дар сукут тӯл мекашид. Ва агар дар рӯзи таваллуди завҷаам гулхарӣ намерафтам шояд қисса нотамом мемонд.
Он зебочеҳра дар паси гулҳои рангин ҳамон хомӯш меистод. Ман салом додам. Ӯ маро шинохта сари по хест. Ҳаракатҳояш раманда буданд.
— Гулҳои шумо хосса, — таърифам ҷоиз буд. Дар асл низ фарқ доштанд.
Духтар сурх гашт.
— Аз ҳар кадомаш ду донагӣ… — чашмам ба гулдастаи зебое, ки дар гулдони алоҳида гузошта шуда буд, афтид ва ман ҳамонро хостам. Духтар ба ман нигарист ва дид, ки исрори ман қатъист, ба маънои «не» сарак зад.
— Чаро? — тааҷҷуб кардам.
Духтар ба ҷои ҷавоб ба замин нигарист.
— Нашинохтед? — ба гап ҳамроҳ шуд зани дар шафати духтар буда, — Онро худатон тақдим накарда будед?
Ман ба гулдаста зеҳн мондам. Оре, ин ҳамон гулдастае буд, ки…
— Гунг бошад ҳам бало, — маънодорона хандида, имконияти фикрронӣ намедод зан, — саду як кас харидор шуд, надод. Ба он нигариста, ранг мегирад, бечора.
– Мебахшед, – чаро, ки овозам паст баромад ва гулдастаро гирифта, зуд баргаштам. Қадамам торафт тез мешуд. Чаро? Намедонистам. Гумонам, ки… Не, дар ин лаҳза ҳолати хешро ифода карда наметавонам. Гӯё муҳаббате ятим монд. Дар ҷои тавлид ёфта. Дар паси анбӯҳи гулҳо. Урёну бепарастор. Ва аз паси ман имдодталабона фарёд мекашид. Кӯдаквор…
Бовуҷуд, ман истода наметавонистам….

Чоршанбеи ДЕҲНАВӢ