“Овози Самарқанд” меҳмони маҳаллаи Талибарзуи Поён
Яке аз маҳаллаҳои калон ва қадимаи ноҳияи Самарқанд Талибарзуи Поён бо аҳолии меҳнатдӯст, ҳунармандони соҳибтаҷриба ва деҳқонони заҳматкаш шинохта шудааст. Дар баробари рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагидорӣ, беҳтар намудани шароити зиндагии мардум, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшиданӣ ва нерӯи барқ, инчунин дастгирии оилаҳои ниёзманд аз самтҳои муҳими фаъолияти роҳбарони маҳалла ба ҳисоб мераванд.
Эҳтироми инсон ва ҳалолкорӣ
Санъат Баҳромов солҳо боз сарварии ин маҳалларо ба ӯҳда дорад. Ӯ аз оилаи зиёии ҳунарманд буда, дар соҳаи корҳои дохилӣ фаъолият нишон дода, бо рутбаи капитанӣ ба нафақа баромадааст. Таҷрибаи зиндагӣ ва кор дар соҳаи ҳунармандӣ ба ӯ омӯхтааст, ки меҳнати ҳалолро қадр кунад ва бо ҳар як инсон бо эҳтиром муносибат намояд.
— Дар кори мо эҳтиром кардан ва ҳамчун инсон шинохтани ҳар як шахс аз ҳама муҳим аст. Новобаста аз он ки шахс чӣ гуна вазъи иҷтимоӣ дорад, бояд ба ӯ бо эҳтиром муносибат кард. Ҳалолкорӣ ва поквиҷдонӣ аз ҳама муҳиманд. Ман ба фарзандонам низ ҳамеша таъкид мекунам, ки ҳалол кор кунанд ва ҳалол зиндагӣ намоянд, — мегӯяд Санъат Баҳромов.
Барои фаъолияти ҷамъиятӣ ва хидматҳояш ӯ бо ҳафт нишони сарисинагӣ сарфароз гардида, соҳиби беш аз 40 сипоснома ва диплом шудааст.
Инфрасохтори маҳалла беҳтар мешавад
Талибарзуи пешина бо зиёд шудани шумораи аҳолӣ ба ду қисм — Талибарзуи Боло ва Талибарзуи Поён ҷудо шуд. Ҳоло дар таркиби маҳаллаи Талибарзуи Поён гузарҳои Найман ва Боғи Тилло дохил шудаанд. Дар гузари Найман тақрибан 160 хонадон зиндагӣ мекунад ва дар Боғи Тилло шумораи оилаҳо аз 300 мегузарад.
С.Баҳромов моҳи майи соли 2006 раиси маҳалла интихоб шуд. Ба нақли ӯ, он замон шумораи аҳолӣ тақрибан 4200 нафарро ташкил медод. Тибқи ҳисобу китоби охирин, ҳоло дар маҳалла 6185 нафар зиндагӣ мекунанд. Аз соли 2015 ин ҷониб Талибарзуи Поён ҳамчун маҳаллаи намунавӣ муаррифӣ мешавад.
— Дар маҳалла тақрибан панҷ километр роҳ асфалтпӯш карда шуд, — гуфт С.Баҳромов. — Инчунин, як чоҳи нави артезианиро ба истифода супурдем, ки дар натиҷа, таъминоти оби нӯшокии 160 хонадон беҳтар гардид.
Ҳозир дар ҳудуди маҳалла ҳафт чоҳи таъминоти об мавҷуд буда, панҷтои он ба низоми таъминоти оби ноҳия тааллуқ дорад. Барои беҳтар намудани таъминоти нерӯи барқ низ чораҳо андешида шудаанд. Аз ҷумла, дар маҳалла 17 адад трансформатор мавҷуд буда, дар минтақаҳои сернуфус трансформаторҳои нав насб карданд.
Бо вуҷуди амалӣ шудани ин корҳо, дар баъзе самтҳо ҳанӯз масъалаҳои ҳалталаб боқӣ мондаанд. Аз ҷумла, таъмини аҳолӣ бо гази моеъ ва сари вақт баровардани партовҳо аз ҷумлаи мушкилоте мебошанд, ки таваҷҷуҳи бештарро талаб мекунанд.
Азбаски, маҳалла аз шабакаи гази табиӣ бархӯрдор нест, сокинон асосан аз баллонҳои газ истифода мебаранд. Аммо баъзан расонидани гази моеъ низ ба таъхир меафтад. Мувофиқи тартиби пешбинишуда, баллонҳои газ бояд дар ҳар 45 рӯз дастрас карда шаванд, вале дар баъзе мавридҳо ин муҳлат то 65–70 рӯз тӯл мекашад.
Барои омодагӣ ба фасли сармо низ масъулони маҳалла чораҳо меандешанд. Аз ҷумла, барои дастрас намудани 200 тонна ангиштсанг дархост пешниҳод шудааст, ки ба касе лозим бошад, рафта мегиранд.
Дар масъалаи партовкашонӣ, аз сабаби калонии қаламрави маҳалла, баъзан мушкилӣ ба миён меояд. Мувофиқи тартиби муқарраршуда, партовҳо бояд ҳафтае се маротиба бароварда шаванд. Вале дар ҳолати вайрон шудани мошинҳо ё ба миён омадани муаммоҳои дигар ин кор баъзан ба таъхир меафтад.
— Ман ҳамчун раиси маҳалла ва вакили Шӯрои намояндагони ноҳия ин масъалаҳоро пайваста ба миён мегузорам. На танҳо мушкилоти маҳаллаи худамон, балки масъалаҳои ҳалталаби маҳаллаҳои Чаман, Шӯрбоӣ, Диёр ва Навободро низ якҷоя баррасӣ мекунем. Мақсад ин аст, ки хизматрасониҳо саривақт анҷом дода шаванд ва мардум аз мушкилоти рӯзмарра азият накашанд, — мегӯяд ӯ.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти роҳбарияти маҳалла дастгирии иҷтимоии сокинон, махсусан оилаҳои камбизоат ва шахсони бекор мебошад. Дар ин самт ҳафтгона ва фаъолони маҳалла корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонанд. Ба сокинони бекор барои ёфтани шуғл ва ба оилаҳои ниёзманд дар гирифтани кредит ва субсидия ёрӣ расонида мешавад.
Соҳибкорӣ ва таъсиси ҷои кор
Дар Талибарзуи Поён беш аз 30 соҳибкор дар самтҳои гуногун фаъолият доранд. Фаъолияти онҳо на танҳо ба таъмини бозор бо маҳсулоти маҳаллӣ, балки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ низ мусоидат мекунад.
Яке аз соҳибкорони фаъоли маҳалла Дилшод Зоҳидов, роҳбари корхонаи «Талибарзу текстил» мебошад. Дар корхонаи ӯ матрас ва рӯйпӯшҳои бистарӣ истеҳсол мешаванд. Дар ин корхона тақрибан 30 нафар бо ҷойи кор таъмин шудаанд. Д.Зоҳидов баробари фаъолияти истеҳсолӣ, ба корҳои хайриявӣ низ саҳм мегузорад.
Соҳибкори дигар Қобилҷон Абдуваҳҳобов бо шогирдон ба истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ машғул аст. Дар коргоҳи ӯ занон низ ба кор ҷалб шудаанд. Онҳо, аз ҷумла, дар насби қисмҳои резини дару тирезаҳо иштирок мекунанд ва тавассути меҳнати худ даромад ба даст меорад.
Бекзод Ҳакимов ва Ҷасур Ҷӯраев дар хонаҳои худ истеҳсоли маҳсулоти қаннодиро ба роҳ мондаанд.
Аброр Тӯраев аз ҷумлаи соҳибкорони собиқадори маҳалла мебошад. Ӯ ба истеҳсоли орд ва шир, инчунин фаъолияти тарабхона машғул аст.
Дар минтақаи Боғи Тилло ҳунармандон Ҷаъфар Ибодуллоев ва Сӯҳроб Давронов маҳсулоти гаҷкорӣ истеҳсол мекунанд. Онҳо низ чанд нафарро ҳамчун шогирд ба кор ҷалб намуда, маҳсулоти худро ба фурӯш мебароранд. Хулоса, соҳибкорӣ ва ҳунармандӣ дар ҳаёти иқтисодии маҳалла мавқеи муҳим дошта, барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинон замина фароҳам меорад.
Аз як замин соле се ҳосил
Дар баробари соҳибкорӣ, деҳқонӣ яке аз соҳаҳои асосии фаъолияти сокинони маҳалла ба ҳисоб меравад. 890 хонавода заминҳои наздиҳавлигӣ доранд. Боз 22 нафар соҳиби қитъаҳои иловагӣ мебошанд. Заминҳои наздиҳавлигии мардум 33,6 гектарро ташкил мекунанд. 120 нафар деҳқонони асили маҳалла аз заминҳои худ соле то се маротиба ҳосил мегиранд.
Ба зиёда аз 30 нафар ҷавонон ва дигар сокинон барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ 30-холӣ (сотихӣ) замин ҷудо карда шудааст. Деҳқонон дар заминҳои худ карам, сабзӣ, картошка, лаблабу ва дигар маҳсулоти кишоварзиро парвариш мекунанд. Онҳо пеш аз ҳама талаботи оилаҳои худро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин намуда, қисми дигари ҳосилро ба бозор мебароранд. Ҳамчунин, дар маҳалла гулпарварон низ фаъолият доранд.
Б.ҶУМЪАЕВ
