Ovozi.uz

Дар доираи саммити байналмилалӣ, ки дар Самарқанд баргузор гардид, маросими кушодашавии маркази «IMKON» гузаронида шуд

Дар доираи саммити байналмилалии «Сармоягузорӣ ба фаровонии кӯдакон: дар роҳи рушди устувор ва одилона ба манфиати наслҳои оянда», ки дар шаҳри Самарқанд баргузор гардид, маросими ифтитоҳи маркази «IMKON» доир гашт. Дар он Хонуми аввали Ҷумҳурии Ӯзбекистон Зироат Мирзиёева, инчунин хонумони аввали кишварҳои иштирокдори саммит ва меҳмонони воломақом ширкат варзиданд.

Дар марказ, ки ба сохтори Агентии миллии ҳифзи иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шомил аст, таълими томактабӣ, ёрии ислоҳию педагогӣ ва тавонбахшӣ (реабилитатсия)-и ҳамаҷониба ба ҳам пайвастаанд. Барномаи индивидуалии ҳар як кӯдак бо дарназардошти эҳтиёҷҳои махсуси ӯ таҳия мешавад. Волидон метавонанд аз мутахассисон барои мустаҳкам намудани малакаҳои азхудкардаи фарзандашон дар шароити хона тавсияҳо гиранд.

Бахши таълими томактабӣ барои 150 кӯдак пешбинӣ шуда, 10 гурӯҳи махсусро барои кӯдакони аз 2 то 7-сола дар бар мегирад. Дар бахши амбулаторӣ бошад, ҳар моҳ тақрибан 100 кӯдаки аз 2 то 18-сола метавонанд аз курсҳои тавонбахшӣ гузаранд.

Дар марказ машғулиятҳои тарбияи ҷисмонии табобатӣ, рушди нутқ ва малакаҳои ҳаракатҳои нозук, машғулотҳои интегратсияи сенсорӣ, физиотерапия ва дигар намудҳои муолиҷа гузаронида мешаванд. Дар ин ҷо табибони ҳафт ихтисос, омӯзгорони дефектолог, логопедҳо, равоншиносон, мутахассисони тавонбахшӣ ва дигар кормандон фаъолият мекунанд.

Маркази Самарқанд ба бахши нави шабакаи «IMKON» табдил ёфт, ки муассисаҳои он дар шаҳрҳои Нуқус, Қибрай, Қаршӣ ва Зарафшон низ фаъолият доранд. Соли 2025 дар муассисаҳои ин шабака беш аз 546 ҳазор амалиёти муолиҷавӣ ва машғулият гузаронида шуда, 3 ҳазору 777 нафар кӯдак аз тавонбахшии амбулаторӣ гузаштаанд.

Васеъ намудани шабака идома дорад: дар Фарғона сохтмони марказ оғоз ёфта, дар Намангон ва шаҳри Нурафшони вилояти Тошканд низ бунёди чунин муассисаҳо ба нақша гирифта шудааст.