Ovozi.uz

Эркинҷон Турдимов дар Самарқанд бо роҳбарони кӯдакистон ва мактабҳои хусусӣ мулоқот кард

Дар шаҳри Самарқанд мулоқоти вазири таълим ва илм Эркинҷон Турдимов бо соҳибкорони соҳаи маориф баргузор гардид.

Иштирокдорони мулоқот дар бораи мушкилоте, ки дар фаъолияти худ рӯ ба рӯ мешаванд, маълумот доданд. Аз ҷумла, соҳибкорон пешниҳод карданд, ки тартиби гирифтани иҷозатнома барои мактабҳои хусусӣ содда намуда, имтиёзҳои андозӣ пешниҳод гарданд ва барои таъсиси кӯдакистонҳо дар асоси шарикии давлат ва бахши хусусӣ мусоидат карда шавад. Ҳамчунин, онҳо хоҳиш карданд, ки шумораи кормандонро дар кӯдакистонҳои оилавӣ зиёд кунанд.

Илова бар ин, имкони таъсиси мактабҳои хусусӣ дар биноҳои холимонда, додани қарзҳои имтиёзнок барои сохтмони толорҳои варзишӣ ва мусоидат ба омӯзгорон дар гирифтани раводид барои сафар ба хориҷи кишвар ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами хориҷӣ баррасӣ гардид.

Дар натиҷаи мулоқот намояндагони масъули сохторҳои дахлдор муайян карда шуданд. Онҳо муроҷиатҳои соҳибкоронро омӯхта, барои ҳалли мушкилоти мавҷуда роҳҳои мувофиқро ҷустуҷӯ хоҳанд кард.