Ovozi.uz

«Динамо» бо «Андиҷон» дуранг бозӣ кард

Имрӯз дар доираи даври 25-уми Суперлигаи Ӯзбекистон дастаи «Динамо»-и Самарқанд дар майдони худ дастаи «Андиҷон»-ро қабул кард.

Дар дақиқаи 85-уми бозӣ нимҳимоятгари «Динамо» Улуғбек Абдуллоев ҳисобро кушод — 1:0.

Дар вақти иловагии бозӣ, дар дақиқаи 90+2, футболбози «Андиҷон» Одилбек Абдумаҷидов ҳисобро баробар кард — 1:1.

Дар натиҷа, бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расид.

Дастаи Самарқанд дар ҷадвали мусобиқа бо 31 имтиёз дар зинаи 10-ум ва «Андиҷон» низ бо чунин имтиёз дар зинаи 9-ум қарор гирифтанд.