Дар шаҳри Самарқанд таҳти унвони «Низомҳои нафақавии оянда: равишҳои нави таъмини устуворӣ дар шароити тағйироти демографӣ ва трансформатсияи рақамӣ» анҷумани байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ, ки бо ҳамкории Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ассотсиатсияи байналмилалии нафақа ва фондҳои иҷтимоӣ, инчунин Ассотсиатсияи байналмилалии таъминоти иҷтимоӣ ташкил шуд, коршиносони варзидаи соҳаи таъминоти нафақавии Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва дигар кишварҳо иштирок карданд.
Дар маросими ифтитоҳи анҷуман намояндагони масъули Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Фонди ғайрибуҷетии нафақаи назди вазорат ва раиси Ассотсиатсияи байналмилалии нафақа ва фондҳои иҷтимоӣ дар бораи аҳамияти анҷуман, масъалаҳои мавриди баррасӣ ва вазифаҳои дар назди низоми нафақа қарордошта сухан гуфтанд.
Пас аз ин, кори конференсия дар маҷлисҳои бахшӣ идома ёфт. Аз ҷумла, дар сессия таҳти унвони «Таъминоти иҷтимоӣ — воситаи идоракунии низомҳои иҷтимоӣ дар банақшагирии муддати миёна ва дароз» таъсири таъминоти иҷтимоӣ ба ҷараёнҳои демографӣ ва иҷтимоии ҷомеа, инчунин усулҳои муосири банақшагирии муддати миёна ва дароз баррасӣ шуданд. Махсусан, ба таҳияи пешгӯиҳои демографӣ, баҳогузории самаранокии тадбирҳои дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ андешидашаванда ва имкониятҳои истифодаи технологияҳои ахборӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Дар сессияи дигар, ки таҳти унвони «Устувории дарозмуддати низомҳои нафақа: муаммоҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ» баргузор шуд, омилҳои асосии таъсиррасон ба устувории молиявӣ ва институтсионалии низомҳои нафақа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
— Яке аз самтҳои муҳими анҷуман баррасии масъалаҳои истифодаи технологияҳои рақамӣ ва имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар низомҳои нафақа ва таъминоти иҷтимоӣ буд, — гуфт мутахассиси пешбари Фонди ғайрибуҷетии нафақаи назди Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шаҳбоз Фахриев. — Дар ҷараёни муҳокимаҳо дурнамои истифодаи технологияҳои муосири ахборӣ барои пешгӯии ҷараёнҳои демографӣ, таҳлили ҷараёнҳои иҷтимоӣ ва идоракунии низомҳои нафақа, инчунин имкониятҳо, маҳдудиятҳо ва хатарҳои марбут ба ҷорӣ намудани роҳҳалҳои рақамӣ баррасӣ шуданд. Дар ин самт бо ҳамкорони хориҷӣ табодули афкор ва таҷриба сурат гирифт.
Дар доираи анҷумани байналмилалӣ ҳуҷҷатҳои муҳиме, ки ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақавӣ нигаронида шудаанд, ба имзо расиданд.
ӮзА
