Ovozi.uz

Рушди касбии омӯзгорон — омили муҳими баланд бардоштани сифати таълим

Дар Хонаи матбуоти вилояти Самарқанд оид ба фаъолияти Маркази маҳорати педагогии вилояти Самарқанд нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он директори марказ Анвар Собиров ва дигар масъулони соҳа роҷеъ ба натиҷаҳои фаъолият, рушди касбии омӯзгорон ва вазифаҳои афзалиятноки минбаъда ба журналистону блогерон ва иштирокдорон маълумот доданд.

— Ҳоло дар марказ 137 нафар корманд фаъолият мекунанд, ки 57 нафари онҳо профессорону омӯзгорон мебошанд. Ҳамчунин, дар марказ як мушовир ва як омӯзгори хориҷӣ фаъолият мебаранд. Дар давраи ҳисоботӣ 94 нафар омӯзгор ва корманд курсҳои такмили ихтисосро хатм карда, соҳиби Сертификат махсус шуданд, — гуфт директори Маркази маҳорати педагогии вилояти Самарқанд Анвар Собиров. — Ҳамчунин, 15 нафар корманд дар Донишкадаи миллии маҳорати педагогии ба номи Абдулло Авлонӣ такмили ихтисос карданд. Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ робита бо муассисаҳои таълимии хориҷӣ густариш ёфта, барои омӯзгорон ва методистҳо ҷиҳати мубодилаи таҷриба имконият фароҳам оварда шудааст. Дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ марказ бо муассисаҳои таълимии Ҳиндустон, Малайзия, Озарбойҷон, Хитой ва як қатор кишварҳои дигар робита дорад. Дар доираи ин ҳамкориҳо 16 нафар омӯзгор ва методист дар муассисаҳои хориҷӣ таҷрибаомӯзӣ кардаанд.

Ғайр аз ин, зикр гардид, ки дар вилояти Самарқанд 1 ҳазору 278 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 62 ҳазору 655 омӯзгор ва 4 ҳазору 303 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият доранд.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар ҳашт моҳи аввали соли 2026 фаъолияти марказ дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ 1 ҳазору 565 маротиба инъикос ёфтааст. Аз ҷумла, 123-то мавод дар телевизион, 53-то дар радио, 32-то дар рӯзнома ва 1 ҳазору 357-то дар дигар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд.

Баланд бардоштани самаранокии рушди касбии омӯзгорон, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири педагогӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди салоҳияти илмӣ аз вазифаҳои асосии минбаъдаи марказ мебошад. Ин чорабиниҳо ба такмили маҳорати омӯзгорон ва беҳтар намудани сифати таълим равона шудаанд.