ё худ сабақи яксоата аз Президент
Роҳбари давлатамон Шавкат Мирзиёев бо эҳсоси гарму самимӣ мақсади як рӯз пештар ба Самарқанд омадани худро, ки ба хотири истиқболи иштирокчиёни мулоқот дар қолаби «Осиёи Марказӣ — ИМА» (C5+1) сурат гирифта буд, чунин баён кард:
— Имрӯз Самарқанд ба маркази машваратҳои ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Тамоми ҷаҳон онро дӯст медорад. Ман ҳам ба Самарқанд меҳри хос дорам. Зеро дар давраи фаъолиятам ба ҳайси роҳбари аввали вилоят сеҳри ҳақиқии ин сарзаминро эҳсос ва боварӣ ҳосил намудам, ки самарқандиён боҳунар, ташаббускор ва соҳибмаърифатанд. Аз ҳамин сабаб, ният кардам, ки ба муносибати бунёди кӯпруки нав бо шумо дидор бинам.
Табиист, ки намояндагони ҷомеа — депутатҳо, собиқадорон, соҳибкорон, олимон ва ҷавонон аз он ки Роҳбари давлатамон ба Самарқанд таваҷҷуҳи хос дорад, дар қалби худ шодии беандоза эҳсос намуданд. Шояд ин пули 650‑метра, ки бо ташаббуси Президент болои Қародарё сохта шуда, шаҳри Самарқандро бо шаҳраки Ширин мепайвандад, дар қиёс бо дигар иншооти азиме, ки бунёд мешаванд, як иншооти одӣ намояд. Аммо барои мо ин сохтмон ба қасре мемонад, ки гӯё бар фарози осмон қомат афрохтааст. Зеро, ин кӯпрук асоси нақшаест, ки Ш. Мирзиёев маҳз 25 сол пеш дар сар дошт. Он вақт ҳангоми омӯзиши минтақаи паси фурудгоҳ ва соҳилҳои дарё суханони ӯро ҳанӯз ҳам дар ёд дорем: «Ин майдонҳо дарвозаи Самарқанд, ғайр аз ин, имкони бузурги васеъ кардани шаҳр ба ҳисоб мераванд. Кош, болои дарё кӯпрук сохта, роҳ мекушодем, бисёр муаммоҳоямон ҳал мешуданд».
Дуюм, ин кӯпрук рамзи рушди соҳаи сайёҳӣ низ мебошад. Зеро ин иншоот бо маблағҳои худи мо, тавассути сохтмончиён ва муҳандисони худамон бунёд гардид. Маҳз ҳамин ҳисси ифтихор ва сарбаландӣ қалбҳои моро саршор аз шодиву фараҳ сохт.
Вақте ки мо ин андешаҳоро баён кардем, Роҳбари давлатамон низ ба ваҷд омад ва таъкид намуд, ки ҳар қадар миёни мо ва ҷомеаи байналмилалӣ кӯпрукҳои эътимоду ҳамкорӣ бештар бунёд шаванд, ҳамон қадар барои мо имконияту иқтидори бештар фароҳам меояд.
Дар ҳамин маврид, ӯ дар бораи моҳияти музокираҳое, ки тайи солҳои зиёд бо роҳбарони баъзе давлатҳо ва сарварони корпоратсияҳои бузург оид ба масъалаҳои барои мо муҳим анҷом медиҳад, низ андешаҳояшро баён кард.
Солҳои зиёд ба Ӯзбекистон аз нигоҳи кишвари дуюмдараҷа ва ҳатто, сеюмдараҷа менигаристанд. Барои касе, ки медонад тағйир додани чунин муносибат то чӣ андоза душвор аст, ҳатто, дигар кардани назари шарики худ чӣ қадар заҳмат талаб мекунад, дарки ин ҳолат чандон мушкил нест. Зеро мо имрӯз самараи ҳамин талошҳоро ба хубӣ мебинем.
Ҷаҳон дар пайи ҳамкорӣ бо кишвари мост
Ҳангоме, ки сухан дар ин бора рафт, ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов, профессор, узви Сенати Олий Маҷлис, олими маъруф Рустам Холмуродов ҳарфҳои дар дил доштаашро пинҳон накард:
— Президенти муҳтарамам! Ҳамчун шахсе, ки ду низом ва ҳатто, дар солҳои Истиқлол ду тарзи гуногуни фаъолияти давлатиро дидааст, як ҳолат маро ба ҳайрат меорад. Ба назар чунин мерасад, ки дар кишвар соҳае намондааст, ки ислоҳоти оғозкардаи Шумо ба он роҳ наёфта бошад. Ҳамаи марҳилаҳои ҳаёти инсон — аз рӯзи таваллуд то охирин лаҳзаи умраш зери таваҷҷуҳи Шумо қарор доранд. Илова бар ин, дар робитаҳои байналмилалӣ низ бо усули хоси дипломатӣ амал мекунед. Медонед, имрӯз яке аз ёварони котиби давлатии ИМА Марко Рубио, ки бо ӯ ҳамроҳ омада буд, ба ман занг зада, изҳор дошт, ки нияти ҳамкорӣ бо олимони Маркази квантии Самарқандро доранд. Ташаббус аз ҷониби худи онҳо пешниҳод шудааст. Ин воқеаи одӣ нест, балки эътирофи иқтидори илмии кишвари мо аз ҷониби пурқудраттарин давлати ҷаҳон аст. Ростӣ, ҳар қадар фидокорона фаъолият кунем ҳам, баъзан аз суръати ислоҳот қафо мемонем…
Рустам Ибрагимович ҳақиқатро баён кард. Ислоҳоте, ки дар кишварамон оғоз гардидаанд, дар тӯли даҳ сол дар тамоми ҷаҳон бо тамоми паҳлуҳои худ муаррифӣ шуданд. Мо дар раддабандиҳои байналмилалӣ пайваста ба зинаҳои нав мебароем. Тафовут миёни деҳоту шаҳр рӯз ба рӯз аз байн рафта, сиёсати шаҳрнишинӣ (урбанизатсия) самараи худро нишон медиҳад.
Биёед, инро дар мисоли вилояти Самарқанд баррасӣ кунем.
Тафовути шаҳру деҳот аз байн меравад
Дар давоми даҳ соли охир дар ҳар як ноҳия шаҳракҳои замонавӣ бунёд гардида, боғҳои истироҳатӣ ба вуҷуд омаданд. Дар мавзеъҳои «Ӯзбекистони Нав» марказҳои технологияҳои иттилоотӣ (IT) фаъолият доранд.
Имрӯз Маркази байналмилалии сайёҳии Самарқанд ба макони баргузории анҷуманҳои бузурги ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мулоқоту музокироти сиёсӣ табдил ёфтааст. Маҷмааи Имом Бухорӣ аз нав, бо шукӯҳу шаҳомати шоистаи мақоми ин муҳаддиси бузург дар ҷаҳони ислом, бунёд гардид.
Метавон гуфт, ки имрӯз дар деҳоти мо дигар роҳҳои хокӣ боқӣ намондаанд. Қариб тамоми маҳсулоти кишоварзие, ки дар заминҳои ҳосилхези Самарқанд парвариш меёбанд, ба хориҷи кишвар содир карда мешаванд. Ҳаҷми содироти маҳсулоти трикотажӣ ва парандапарварӣ низ сол ба сол меафзояд. Ҳар сол даҳҳо лоиҳаи стартапӣ ба истеҳсолот роҳандозӣ карда мешавад. Хулоса, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ дигаргуниҳои назаррас ба амал меоянд. Ин дигаргуниҳоро мутахассисону олимони худи мо амалӣ месозанд.
Вақте сухан аз сабақи Президент мерафт, як воқеа ба ёдам расид. Тобистони имсол дар шаҳри Олмалиқ корхонаи ғанигардонии мис ба истифода дода шуд. Ман низ дар ин чорабинӣ иштирок доштам. Дар он ҷо аз як воқеаи ҷолиб огоҳ шудам: вақте Шавкат Мирзиёев пешниҳоди бунёди чунин корхонаро баён карданд, қариб ҳамаи мутахассисон бар ин назар буданд, ки ин ташаббус натиҷа намедиҳад.
Аммо Президентамон фаъолияти чунин корхонаро, ки дар Чили дар тӯли ҳашт сол сохта шуда, то имрӯз дар ҷаҳон ягона ба ҳисоб меравад, инчунин масъалаи таъминоти ашёи хоми онро бо сабру таҳаммул дақиқ омӯхтанд ва ба қарори қатъӣ омаданд. Табиист, ки барои ин кор аз кишварҳои дорои технологияҳои пешрафта кумаки машваратӣ ва техникӣ дархост карда шудааст. Дар натиҷа, корхонаи Олмалиқ на мисли корхонаи Чили дар ҳашт сол, балки ҳамагӣ дар чор сол бунёд ва ба истифода дода шуд. Хушбахтона, ин корро олимон, мутахассисон ва муҳандисони худи Ӯзбекистон анҷом доданд. Ин таҷриба боварии мутахассисони соҳаро боз ҳам мустаҳкам кард. Ҳоло онҳо ба бунёди блоки дуюми корхона машғуланд.
Боз як сабақи Президенти муҳтарамамон ҳаст, ки онро низ наметавонам ёдовар нашавам. Дар солҳои роҳбарии эшон ба ҳайси роҳбари аввали вилояти Самарқанд, ба ҳар як соҳа нафақахӯрони соҳибтаҷриба ва фидоии ҳамон соҳа ҷалб гардида, шӯроҳои машваратӣ таъсис дода шуданд. Ин шӯроҳо дар баробари мусоидат ба ташкили дурусти корҳо дар ҷойҳо, ҳамчунин назорати ҷамъиятиро ба роҳ монданд. Замоне ки барои харидани нуриҳои минералӣ маблағ намерасид, ба заминҳои кишоварзӣ кашонидани миқдори зиёди нуриҳои органикии дар тӯли солҳои зиёд дар маҷмааи чорводории аз фаъолият бозмондаи шаҳри Каттақӯрғон ҷамъшуда ташкил карда шуд. Махсусан, дар ободонии шаҳри Самарқанд корҳоеро анҷом доданд, ки ҳатто, худи мо ба иҷрои онҳо бовар надоштем. Яъне бо кумаки аҳли ҷомеаи вилоят кӯчаҳои шаҳрро ба тартиб дароварда, аз партовҳо тоза карданд. Оҳиста-оҳиста ин корро ташкилоту муассисаҳои шаҳр ба таври муназзам ба роҳ монданд. Имрӯз таровату зебоӣ, ободонӣ ва тозагии кӯчаҳои шаҳри бостонии Самарқанд маҳз самараи ҳамон ташаббусҳоест, ки дар он давр оғоз гардида буданд.
Ҷасорати маънавӣ
Сабақҳои Президент Ш. Мирзиёев дар арсаи байналмилалӣ низ қобили таваҷҷуҳанд. Хусусан, дар шароите, ки ҳар як давлат барои ҳифзи манфиатҳои худ сиёсати ҷиддӣ пеш мебарад, таъмини самимият ва ҳамкорӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ кори осон нест. Барои ин, пеш аз ҳама, боварии дуҷониба зарур аст. Дар чунин вазъияти ҳассос Роҳбари давлатамон хислати таҳаммулпазирӣ ва инсондӯстии хоси мардуми ӯзбекро нишон дод. Ҳатто, сарварони кишварҳое, ки дар ибтидо дудила буданд, самимияти ташаббусҳои моро эҳсос намуда, ба ҳамкорӣ бо мо майл пайдо карданд. Ҳамкории дар муддати кӯтоҳ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳандозӣ гардида далели равшани ин гуфтаҳост.
Сабақи байналмилалӣ гуфтанам бесабаб нест. Роҳбари давлатамон тавонист ҳамкорӣ бо кишварҳои дигарро на дар сатҳи муносибатҳои якдафъаина, балки ба дараҷаи шарикии доимӣ ва стратегӣ расонад. Пеш аз ҳама, консепсияи илмӣ-амалии ин муносибатҳо таҳия гардид. Дар ин ҷараён ниёзҳо ва имкониятҳои мо ҳамаҷониба омӯхта шуданд. Дар натиҷа, бо кишварҳои зиёде муносибатҳои ҳамкории стратегӣ ва олидараҷа барқарор гардиданд.
Сафари котиби давлатии ИМА Марко Рубио ба Ӯзбекистон, дақиқтараш, ба Самарқанд ҳамроҳ бо беш аз 200 нафар намояндаи доираҳои соҳибкорӣ воқеаи таърихист. Тавре худи ӯ таъкид кард, то имрӯз чунин ҳайати бузурги давлатии ИМА ба ҳеҷ кишвари дигар бо сафари корӣ наомадааст. Гузашта аз ин, дар солҳои охир чунин сафарҳои ҳайатҳои онҳо танҳо ба кишварҳое сурат мегирифтанд, ки дар онҳо вазъияти фавқулода ба амал омада буд. Аммо онҳо ба Ӯзбекистон маҳз бо мақсади рушди тиҷорати худ, ҳамзамон ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо кишварамон ва дастгирии давлате омаданд, ки дар тамоми соҳаҳо ислоҳоти демократиро амалӣ мекунад.
Сабақҳо… сабақҳо… сабақҳо… Онҳо нуқтаи назари моро тағйир доданд.
Онҳо муносибати моро ба зиндагӣ дигар карданд. Масъулияти моро бештар намуданд. Онҳо пайваста ба мо хотиррасон карданд, ки барои пешрафт ҳамеша бояд мубориза бурд. Сабақ танҳо хондани маъруза нест, дарс маҷбуран фаҳмондани чизе ба касе ҳам нест. Сабақ — ин бовар кунонидани мардум ба ҳаёти воқеӣ ва дигаргуниҳои нав аст. Дарс бо ҷасорати маънавӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Шахсе, ки Ватан ва халқи худро дӯст намедорад, наметавонад соҳиби чунин хислат бошад. Андеша кунед, барои аз байн бурдани маҳдудиятҳои табдили асъор дар он давра лозим меомад, ки бо шумораи зиёди роҳбарони нопоке, ки солҳо аз иқтисодиёти пинҳонӣ даромади зиёд ба даст меоварданд, мухолифат кард. Ё худ, барои ислоҳ кардани он низом то чӣ андоза азми қавӣ ва ҷасорат зарур буд. Барои аз байн бурдани маҳдудиятҳои сабти номи доимӣ («прописка») дар шаҳри Тошканд низ чунин ҷасорат лозим шуд. Эълон кардани мораторий ба санҷиши фаъолияти соҳибкорон ва буридани дарахтон чӣ? Президент Шавкат Мирзиёев дар ин ҷараён тавонист ҷасорату иродаи қавӣ нишон диҳад. Зеро ба инсонҳои озодандеши кишвар ва ба халқи худ боварӣ дошт. Дар натиҷа, мо худ ба тағйир додани тақдири хеш оғоз кардем ва имрӯз, агар гӯям, ки дар татбиқи лоиҳаҳои умумидавлатӣ тамоми Ӯзбекистон саҳм мегузорад, муболиға нахоҳад буд.
«Нисфи хароҷотро мо ба зимма мегирем»
Боз як сабақи ибратбахши Шавкат Мирзиёев аз ёдам намеравад. Баҳори соли 2002. Қисми зиёди бинои таълимии мактабе, ки ман дар ноҳияи Пахтачӣ таҳсил кардаам, бар асари боронҳои шадид фурӯ рехт. Ӯ ба ҳайси роҳбари аввали вилоят рӯзи дигар ба он ҷо омад. Бино кӯҳна ва барои таъмири он низ маблағи зиёд лозим буд. Дарсҳоро ҳам қатъ кардан имкон надошт.
Чӣ бояд кард? Он вақт ӯ соҳибкорони ҳамин мактабро хатмкарда ва раиси хоҷагӣ Фотима Тӯхтапӯлатоваро барои машварат даъват кард. Ҳар кас фикри худро баён намуд. Ҷонишини ҳокими вилоят оид ба ин ҳудуд аз норасоии маблағ хабар дод. Шавкат Мирзиёев аҳамияти масъалаи мазкурро таъкид намуда, изҳор дошт, ки ба қадри имкон кумак хоҳад кард. Дар натиҷа, раиси хоҷагӣ ва соҳибкорон уҳдадор шуданд, ки нисфи хароҷотро ба зимма гиранд ва бинои мактаб дар муддати кӯтоҳ таъмир карда шуд. Пас аз ин воқеа, дар бисёр ҷойҳо ҳангоми ҳалли муаммоҳо намояндагони ҷомеа, фаъолон ва соҳибкорон дар мулоқот бо ҳокими вилоят бо ташаббуси «Нисфи хароҷотро мо ба зимма мегирем» баромад мекарданд. Дар шароите, ки маблағҳои буҷетӣ маҳдуд буданд, ин ташаббус самараи бузург ба бор овард. Имрӯз бошад, барои сохтмон ва таъмири мактабҳою кӯдакистонҳо маблағи кофӣ ҷудо карда мешавад. Ҳамон сабақ низ заминаи оғози чунин ташаббусҳои хайрхоҳона гардид.
Сайёҳӣ — яке аз соҳаҳои асосӣ
Профессори Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд, сардухтури клиникаи якуми донишгоҳ Наргиза Абдуллаева иброз дошт, ки самараи ислоҳот дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ то ба муассисаҳои тиббӣ низ расидааст. Аз ҷумла, соли гузашта 12 дарсади беморони дар ин беморхона табобатгирифта шаҳрвандони хориҷӣ будаанд. Дар давраи сипаришудаи соли равон, ин нишондиҳанда ба 30 дарсад расидааст. Ҳоло дар Самарқанд мураккабтарин амалиёти ҷарроҳӣ низ анҷом дода мешавад. Барои гирифтани чунин хидматрасониҳо дигар ба Америка, Ҳиндустон ва Германия рафтан лозим нест.
Пас аз ин мулоҳиза, Президент як воқеаро ба ёд оварданд, ки дар он рӯзҳо дар вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд фаъолият доштанд. Он вақт бар асари хастагӣ дар қалбашон нороҳатӣ эҳсос карда, ба клиникаи якум муроҷиат намудаанд. Ҳоким аз он дар ҳайрат мемонад, ки духтур Анита Тсой ҳанӯз аз дастгоҳи кӯҳнаи ЭКГ истифода мебарад. Аз вазъи ногувори соҳаи тиб дар чунин шаҳри бузургу маъруфе чун Самарқанд изҳори таассуф мекунад. Баъдан ҳамроҳи сардухтур Нурмамат Абдуллоев ба муҷаҳҳаз гардонидани беморхона бо таҷҳизоти муосир шуруъ менамоянд. Имрӯз самараи он ташаббусҳо барои ҳама аён аст: ҳоло дар Самарқанд амалиёти гузаронидани гурда ва ҷигар низ анҷом дода мешаванд.
— Чанде пеш дар як анҷумане, ки дар хориҷи кишвар баргузор гардид, роҳбари яке аз давлатҳо аз ман пурсид: «Коратон бад нест, шояд дар як сол қариб се миллион сайёҳ ояд?» Ман ба ӯ гуфтам, ки ин рақам аз панҷ миллион нафар гузаштааст, — гуфт Роҳбари давлатамон. — Ин ҳақиқат аст. Дар ёдам ҳаст, ки соли 2016 ба кишвари мо ҳамагӣ 650 ҳазор сайёҳ омада буд. Мо шароити заруриро фароҳам овардем ва шумораи онҳо ба панҷ миллион нафар расид. Баъди ба истифода додани маҷмааи Имом Бухорӣ, танҳо аз Индонезия омадани қариб панҷ миллион зиёраткунандаро интизорем. Барои ин тамоми имкониятҳо мавҷуданд. Сайёҳии байналмилалӣ ва саноати сайёҳӣ даромади калон меоранд. Аз ин рӯ, мо бояд ҳам қадри ин соҳаро донем ва ҳам барои рушди он талош варзем.
Ҳангоми шунидани андешаҳои самимона ва пурмеҳри Президенти муҳтарамамон солҳое, ки барои ман азизанд, пеши назарам намоён шуданд. Дар низоми пешина ба Самарқанд аз хориҷ асосан сайёҳони солхӯрда меомаданд. Онҳо низ қариб ба ғайр аз Регистон аз дигар ёдгориҳои таърихӣ боздид намекарданд. Имрӯз бошад, сайёҳони хориҷӣ ҳамроҳи аҳли оилаи худ ба ин сарзамин меоянд. Суханони яке аз сарварони давлатҳоро, ки ба хотири иштирок дар анҷумани байналмилалӣ ба Самарқанд омада ва дар мусоҳибааш гуфта буд, ҳанӯз ҳам дар ёд дорам: «Рост аст, ки ба Ӯзбекистон Худо назар кардааст. Ба шумо чунин роҳбари фидоӣ, оқил ва дипломатро насиб гардондааст. Ин шахс ҳатто дар як муддати кӯтоҳ, назари роҳбарони кишварҳои тамоми ҷаҳонро нисбат ба ҳамкорӣ тағйир дод. Тибқи ҳисобу китоби ман, беш аз нисфи сарварони давлатҳои ҷаҳон ба Ӯзбекистон омадаанд. Мо ба чунин Президент ҳавас мекунем». Ин суханон то имрӯз ба қалбам эҳсоси ифтихор мебахшанд.
Майдонҳои пахта 40 дарсад кам шуданд, аммо ҳаҷми ҳосил коҳиш наёфт
Суҳбати самимии Президентамон бо собиқадори соҳаи кишоварзӣ Тӯхта Худойназаров низ барои ҳамаи мо сабақи ҳақиқӣ буд. Дар ин мулоқот аз дастовардҳои имрӯзаи соҳаи картошкапарварӣ ёдоварӣ шуд. Зеро, акнун деҳқонони Ӯзбекистон талаботи аҳолиро ба картошка пурра таъмин мекунанд. Хусусан, андешаҳои Роҳбари давлатамон дар бораи зарурати идомаи ислоҳот дар соҳаи пахтакорӣ ба ҳамаи мо писанд омад.
— Имрӯз шахсан ман дигар бо масъалаи пахта машғул нестам, — гуфт Президентамон. — Ҳокимон низ ба ин кор машғул намешаванд. Кластер худаш фармоиш медиҳад, худаш ҳосилро ҷамъоварӣ мекунад, онро коркард намуда, ба фурӯши маҳсулоти тайёр машғул аст. Ба назари ман, масоҳати заминҳои пахтакории мо ҳанӯз ҳам аз талаботи корхонаҳои мавҷуда зиёд мебошад. Бояд масоҳати заминҳое, ки пахта мекоранд, марҳила ба марҳила кам кунем, то мардум зироатҳоеро парвариш намоянд, ки барояшон фоида меоранд. Албатта, ин кор бояд тибқи нақшаи дақиқу санҷидашуда амалӣ гардад. Мо зироатҳои даромаднокро интихоб карда, бозори фурӯши онҳоро ҳамаҷониба омӯзем.
Роҳбари давлатамон таъкид кард, ки дар шароити Ӯзбекистон аз як қитъаи замин дар як сол то се-чор маротиба ҳосил гирифтан мумкин аст. Барои ин бояд роҳҳои ҳарчи зудтар ба бозорҳои хориҷӣ баровардани маҳсулотро фароҳам оварем, яъне низоми логистикаро оқилона ба роҳ монем. Зеро ин имкон медиҳад, ки хароҷот кам ва масофаи рафтуомади мардум кӯтоҳ мегардад. Ӯ, ҳамчунин пинҳон накард, ки кӯпруки нави дар Самарқанд бунёдшуда орзуи дерина ва имрӯз мояи ифтихори ӯст.
…Масъалаи пахта дар тӯли солҳои зиёд ба дарду ранҷи мардуми мо табдил ёфта буд. Деҳқоне, ки панҷ миллион тонна пахта истеҳсол мекард, аз ин заҳмати сангин наметавонист зиндагии худро обод созад. Баръакс, ба ғуломи ашёи хом табдил ёфта буд. Роҳбарони ташкилоту муассисаҳо на барои он ки аз уҳдаи иҷрои вазифаи касбӣ ё идоракунии муассисаи худ намебаромаданд, балки барои он аз вазифа озод карда мешуданд, ки коллективи худро ба пахтачинӣ сафарбар карда натавонистаанд. Ҳатто, ҳангоми таъин кардани роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, пеш аз ҳама, ба қобилияти онҳо дар ҷалби кормандон ба ин мавсим таваҷҷуҳ зоҳир мешуд. Таассуфовартар аз ҳама он буд, ки агар нақшаи пахтачинӣ ҳатто 99,99 дарсад иҷро мешуд, онро низ иҷронашуда ҳисоб мекарданд. Дар натиҷа, ҳамон хоҷагӣ, ноҳия ё вилоят бо тамғаи «нақшаро иҷро накард» аз бисёр имтиёзу ҳавасмандгардониҳо маҳрум мемонд. Барои ҳамин, бо мақсади иҷрои нақша ҳазорон роҳу ҳилаи гуногунро истифода мебурданд.
Хушбахтона, Шавкат Мирзиёев ба ин дарди мардум малҳам гузошт. Монополияи давлатӣ дар соҳаи пахтакорӣ барҳам дода шуда, ба истифодаи меҳнати маҷбурии занону кӯдакон дар ин соҳа хотима бахшида шуд.
Сабаби ифтихори мо дар он аст, ки шоҳиди оғози ин ислоҳот будем ва натиҷаҳои онро бо чашми худ мебинем. Масалан, дар вилояти Самарқанд тайи 5–6 соли охир масоҳати заминҳои пахтакорӣ 40 дарсад кам шудааст. Аммо ба шарофати баланд шудани ҳосилнокӣ, ҳаҷми умумии истеҳсоли пахта коҳиш наёфтааст. Бист сол Рӯзи шаҳри Самарқандро дар саҳроҳои пахта ҷашн мегирифтем. Ин чорабинӣ низ аз оши нисфирӯзӣ ва иҷрои чаҳор-панҷ суруди ҳофизон фаротар намерафт. Имрӯз бошад, мо Роҳбари давлатамонро ба муносибати ин ид дар як қасри замонавӣ, ки дар канори шаҳр қомат афрохтааст, табрик гуфтем. Барои чунин ғамхорӣ изҳори сипос намудем.
Имрӯз дигар наметавон бемақсад зиндагӣ кард
Ҳамаи мо фурсат ёфтем, ки андешаҳои ҳамватанонамонро, ки самараи ислоҳоти бузургро рӯз ба рӯз бештар эҳсос мекунанд, баён намоем.
Ғолиби Олимпиадаи байналмилалии шоҳмот Афрӯза Ҳамдамова аз он ифтихор дошт, ки Олимпиадаи Самарқанд дар таърихи ин мусобиқа ҷойгоҳи махсус дорад. Ӯ бо ифтихор изҳор намуд, ки дар мусобиқаи оянда дастаи бонувони Ӯзбекистон низ қодир аст унвони чемпиониро ба даст орад. Дар ҷойҳо таъсис ёфтани марказҳои шоҳмот, ки ба макони дӯстдоштаи ҷавонон табдил ёфтаанд, далели равшани ин гуфтаҳост.
Раиси Шӯрои вилоятии Федератсияи иттифоқҳои касаба Суҳроб Рафиқов бошад, махсус таъкид кард, ки корҳои густариши шаҳри Самарқанд ва рушди инфрасохтори он ҷаҳонбинии мардумро нисбат ба зиндагӣ тағйир медиҳанд. Аз ҷумла, бо хушнудӣ қайд гардид, ки навъҳои нави дарахту гулҳо маҳз дар озмоишгоҳ ва хоҷагиҳои худи мо парвариш карда мешаванд ва дар саноати сохтмонии мо низ соҳибкорони содиротгар пайдо шудаанд.
Дар ин ҷо мехоҳам дар бораи кӯпруки бунёдшуда низ чанд сухан гӯям. Ин кӯпрук аз болои Қародарё ба масофаи 650 метр сохта шуда, бо шоҳроҳи М39 пайваст гардидааст. Дар соҳили дигари кӯпрук, байни дарёҳои Оқдарё ва Қародарё, яъне дар минтақаи Миёнкол шаҳраки «Ширин» ҷойгир аст. Ин минтақа дар оянда ба маркази маъмурии вилоят табдил хоҳад ёфт. Дар ин ҷо на камтар аз 180 ҳазор нафар зиндагӣ хоҳанд кард ва шаҳри ҳушманд (Smart City) бунёд мегардад. То имрӯз сокинони ин ҷо, ки ҳоло ба ҳудуди шаҳри Самарқанд дохил мешавад, маҷбур буданд барои расидан ба маркази вилоят аз роҳи ҳалқавии 20‑километра истифода баранд.
Боз як навоварӣ: барои корҳои сохтмоние, ки дар ин ҷо амалӣ мешаванд, ҳамон имтиёзҳое ҷорӣ мегарданд, ки дар Янги Тошканд пешбинӣ шудаанд.
Ш. Мирзиёев вазифаҳои бузургеро, ки дар назди давлат ва халқамон қарор доранд, номбар кард. Ӯ махсус таъкид намуд, ки ҳар як лоиҳа бояд бо андешаи амиқ ва ҳисобу китоби дақиқ таҳия карда шавад. Масалан, агар нерӯгоҳи каммасрафи барқӣ месозем, пас бояд мардумро низ ба сарфакорона истифода бурдани ин неъмат омӯзонем. Агар маҳсулоти нав истеҳсол мекунем, бояд низоми логистикии онро дуруст ба роҳ монем. Агар муассисаҳои нави таълимӣ мекушоем, пас ҳатман бояд дар онҳо мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замонро омода созем. Дар шароити имрӯза дигар наметавон корҳоро сарсарӣ анҷом дод ва танҳо ба рӯзгузаронӣ машғул шуд. Муҳити байналмилалӣ ҳамеша рақобатро тақозо мекунад. Мо бояд ҳам худ ва ҳам халқи худро ба чунин рақобат омода созем.
Дар ин маскан маърифату илм ҳаст
Суҳбатҳои Роҳбари давлатамон дар зиёратгоҳи навбунёди Имом Мотуридӣ низ барои ҳамаи мо сабақи ҳақиқӣ шуданд. Макони муқаддас, ки бо ташаббуси эшон бунёд мегардад, боиси эҳсоси ифтихору сарфарозии хос дар қалби мо шуд. Зеро дар оромгоҳи Чокардиза рӯҳи беш аз чор ҳазор шайхи бузург ором гирифтааст.
— Обод кардани чунин маконҳои бузурги муқаддас дар асл бо маънавияти баланд, маърифат, таълиму илм пайванди ногусастанӣ дорад, — гуфтанд он кас. — Мардум бояд ба ин ҷо омада, на танҳо зиёрат кунанд, балки дониш андӯзанд ва худшинос гарданд!
Президентамон зимни шиносоӣ бо мақбараҳои Имом Мотуридӣ ва Бурҳониддин Марғинонӣ махсус таъкид кард, ки мо ва фарзандонамон бояд соҳиби эътиқоди устувор, маърифати баланд ва дониши амиқ бошем. Барои ин зиёиён бояд мероси алломаҳои бузургро пайваста тарғиб намоянд ва мардум ҳамеша аз ин ганҷинаи маънавӣ баҳравар гарданд. Таъсирбахшии маркази тамаддуни исломӣ ва осорхонаҳои муосири маҷмааи Имом Бухорӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ низ эътироф мегардад. Ҳар касе, ки аз ин маконҳо боздид мекунад, бояд ҳангоми бозгашт аз ҷиҳати маънавӣ хеле рушд карда бошад.
Ҳамчунин, ба масъулон оид ба сохтмони маҷмаа, бунёди инфрасохтори атрофи он мутобиқ ба талаботи замон ва фароҳам овардани тамоми шароити мусоид барои зиёраткунандагон супоришҳо дода шуданд. Дар омади гап, маълум гардид, ки майсаи аз хориҷ овардашуда ё дар дохили кишвар парваришёфта оби зиёд талаб карда, онро хеле зуд бухор мекунад. Аз ин рӯ, Роҳбари давлатамон ба масъулон тавсия дод, ки ба парвариши гулу растаниҳои буттагӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Ин имкон медиҳад, ки ҳам об сарфа шавад ва ҳам дар тамоми фаслҳои сол сабзазор нигоҳ доштани муҳит таъмин гардад.
Ҳарчанд ман аз суханронию андешаҳои Президентам дар маҷлису анҷуманҳои байналмилалӣ ва ҳатто, мулоҳизаҳое, ки зимни сафарҳояшон ба Самарқанд бо ҷомеа ба миён мегузоранд, пайваста огоҳ ҳастам, аммо бо вуҷуди ин, дар шароити пуртазоди замони ҳозира дидани азму ирода, ғайрату шуҷоат ва муҳимтар аз ҳама, муносибати амиқи ӯ ба вазъи байналмилалӣ дар қалбам эҳсоси ифтихорро бедор кард. Маълумоту андешаҳое, ки дар ҷараёни суҳбати қариб яксоата ба даст овардам, ҷаҳонбинии маро боз ҳам ғанӣ гардонданд. Дар рафти суҳбат Роҳбари давлатамон моҳияти ислоҳотро дар соҳаҳои таълим ва илму фан низ равшану возеҳ шарҳ доданд.
— Ман бо вуҷуди душвориҳои зиёд кӯшиш мекунам, ки кормандони мақомоти давлатиро ба маҳаллаҳо ҷалб намоям ва дар ин самт то андозае ба натиҷаҳо низ расида истодаем. Вазифаи асосии Вазорати таълим ва илму фан аз он иборат аст, ки таваҷҷуҳи ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин падару модаронро ба мактаб ҷалб карда, онҳоро ба маконҳои илму маърифат раҳнамоӣ намояд. Дуруст аст, ки дониш наҷоти бузург аст, аммо дар фарзандонамон бедор кардани эҳтиёҷ ба донишандӯзӣ вазифаи муқаддаси ҷомеа ба шумор меравад. Натиҷаҳое, ки имрӯз ба даст овардаем, ба мо боварӣ мебахшанд, ки аз уҳдаи иҷрои чунин вазифаҳо низ мебароем.
Ҳангоми хайрухуш суханоне, ки Президентамон баён карданд, барои мо ҷамъбасти воқеии эҳсоси хушнудӣ, шавқу завқ ва сабақҳое буданд, ки дар ҷараёни суҳбати яксоата гирифта шуд:
— Мо ба роҳи хеле бузург қадам гузоштем. Акнун бозгашт нест. Зеро тамоми ҷаҳон дуруст будани ин роҳи моро эътироф мекунад! Дурустии роҳи пешгирифтаамонро беҳтар гардидани сатҳи зиндагӣ ва рӯзгори осудаи мардумамон низ рӯз ба рӯз собит месозад. Мо бояд дар тамоми соҳаҳо ҳамқадам пеш равем. Бояд ба он боварӣ ҳосил кунем, ки қодирем ҳар гуна муамморо ҳал намоем. Дар ин самт ман ба мардуми Самарқанд боварии бузург дорам!
Фармон ТОШЕВ, журналисти хидматнишондодаи Ӯзбекистон
