Ovozi.uz

Варзишгарони самарқандӣ дар «Олимпиадаи Президентӣ» соҳиби 54 медал шуданд

Варзишгарони вилояти Самарқанд дар доираи мусобиқаи «Олимпиадаи Президентӣ» аз рӯйи намудҳои гимнастикаи бадеӣ, бадминтон, таэквондо ва теннис ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд.

Аз ҷумла, варзишгари паралимпӣ Муҳаммадюсуф Қаюмов дар мусобиқаҳои шиноварӣ бомуваффақият баромад карда, дар шиноварӣ бо усули баттерфляй ҷойи дуюм ва бо усули брасс ҷойи сеюмро соҳиб гардид. Ҳамин тариқ, ӯ ба хазинаи ҷамоаи худ як медали нуқра ва як медали биринҷӣ ворид намуд.

Дар намуди бадминтон низ варзишгарони самарқандӣ натиҷаҳои назаррас нишон дрданд. Ҳадичахон Юсупова ва Гулсанам Холмуратова дар рақобатҳои ҷуфтӣ ҷойи сеюмро ишғол намуда, соҳиби медали биринҷӣ шуданд. Сардорбек Арзиев бошад, дар рақобатҳои инфиродӣ байни мардон ҷои сеюмро гирифт. Дамирҷон Ҳайитов ва Икромҷон Хуррамов низ дар рақобатҳои ҷуфтӣ бомуваффақият баромад карда, бо медали биринҷӣ сарфароз гардиданд.
Ҳанифа Абдуллоева бошад дар мусобиқаҳои таэквондо сазовори ҷойи сеюм шуда, медали биринҷиро ба даст овард.

Илова бар ин, варзишгарони самарқандӣ дар мусобиқаҳои велосипедронӣ дар пойгаи трекӣ як медали биринҷӣ, дар мусобиқаҳои теннис ду медали биринҷӣ ва дар гимнастикаи бадеӣ як медали тилло ва ду медали нуқра ба даст оварданд.

Ҳамин тариқ, варзишгарони вилояти Самарқанд то имрӯз ҷамъ 54 медал, аз ҷумла 20 медали тилло, 16 медали нуқра ва 18 медали биринҷиро соҳиб шуданд.