Ovozi.uz

Ба дунё омадани ҳар як кӯдак — оғози хушбахтӣ

Ифтихор

Ба қарибӣ бо Фармони Президенти Ӯзбекистон «Дар бораи мукофотонидани як гурӯҳ кормандони соҳаи тиб ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб» якчанд нафар фидоиёни соҳаи ҳифзи тандурустӣ бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд.
Дар қатори онҳо дояи шуъбаи таваллуди филиали вилоятии Маркази тахассусии ҷумҳуриявии илмиву амалии тандурустии модару кӯдак Нодира Бобоева низ бо ордени дараҷаи II «Соғлом авлод учун» мукофотонида шуд. Мо Нодира Бобоеваро бо ин муваффақият табрик гуфта, бо ӯ суҳбат кардем.
— Чӣ сабаб шуд, ки касби шифокориро интихоб кардед?
— Одатан кӯдакон аз либоси сафеди шифокорон метарсанд, лекин ман аз хурдсолӣ ба либоси сафеди шифокорон бо ҳавас нигарис­та, орзу мекардам, ки шифокор шавам. Бо гузашти солҳо пайваста илм омӯхтам, ба имтиҳонҳои қабул тайёрӣ дидам. Дар ин роҳ дастгирӣ ва боварии падару модарам ба ман нерӯ бахшид. Ҳамин тавр, ба Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд дохил шуда, онро соли 1988 бо баҳои аъло хатм намудам. Баъди хатми донишкада, бо роҳхати Садорати ҳифзи тандурустии вилоят дар таваллудхонаи рақами 1‑и шаҳри Самарқанд ба кор шуруъ кардам. Дар он ҷо фаъолияти меҳнатиамро дар шуъбаи қабул ба ҳайси доя оғоз кардам. Пас аз як сол дояи толори таваллуд шудам. Ҳамин тавр, орзуи кӯдакиям ба воқеият табдил ёфт ва ман тамоми умри худро ба ин касби пурмасъулият бахшидам.
— Дар тӯли фаъолияти чандинсолаи касбиатон кадом воқеаҳо ва лаҳзаҳо дар хотиратон бештар нақш бастаанд?
— Ҳар як таваллуде, ки дар он иштирок кардаам ва то имрӯз иштирок менамоям, саргузашти хоси худро дорад. Ҳар кадоми онҳо дар хотирам мондаанд, зеро ба дунё омадани ҳар як тифл сарчашмаи хушбахтӣ, шодмонӣ ва эҳсоси пурраи зиндагист. Бароям садои аввалини гиряи кӯдак, ашки шодии модар ва ҳангоми ба оғӯш гирифтани фарзандаш лаҳзаи фаромӯшнашавандаанд.
— Ба назари Шумо, шифокори касбӣ бояд кадом хислату фазилатҳоро дошта бошад?
— Шифокор баробари мутахассиси соҳаи худ будан, меҳрубон, боэътибор, пок­виҷдон ва масъулиятшинос низ бояд бошад. Зеро, дар соҳаи тиб сухан на танҳо дар бораи табобати беморӣ, балки дар бораи ҳаёт, саломатӣ ва сарнавишти инсон меравад. Ӯ бояд нисбат ба ҳар як бемор бо эҳтиром муносибат намуда, дар лаҳзаҳои душвор ба инсоне, ки аз дарди ногаҳонӣ рӯҳафтода шудааст, умед ва боварӣ бахшида тавонад. Чунки дар табобат баробари муолиҷа, суханҳои ширину муносибати самимӣ низ аҳамияти муҳим доранд. Ғайр аз ин, шифокор бояд пайваста донишашро такмил дода, аз навгониҳои соҳаи тиб ва технологияҳои замонавӣ хабардор шавад. Яъне муҳаббат ба касб, масъулиятшиносӣ ва инсондӯстӣ асоси фаъолияти ҳар як шифокори ҳақиқӣ мебошад.
— Дар тӯли фаъолияти касбиатон кадом дастовардҳои худро муҳимтарин меҳисобед?
— Ҳар як дастоварду пирӯзӣ барои ман аҳамияти хос дорад. Аммо муҳимтарин дастовард, бешубҳа, мубориза барои наҷоти ҳаёти модару кӯдак мебошад. Дар фаъолияти чандинсолаи худ лаҳзаҳои гуногунро аз сар гузаронидаам. Ҳар боре ки бо кумаки мо модар ва тифлаш аз вазъияти душвор раҳо ёфта, солиму саломат ба хона бармегарданд, ин барои ман бузургтарин хушбахтӣ, самараи меҳнат ва мукофоти аз ҳама бузург аст.
— Сазовор шудан ба ордени дараҷаи II «Соғлом авлод учун» барои Шумо чӣ маъно ва аҳамият дорад?
— Мукофот далели он аст, ки меҳнати чандинсолаи пурмашаққати мо қадрдонӣ гардид. Аз эътибори олии Президенти муҳтарамамон Шавкат Мирзиёев хеле шод шудам ва сипосгузорам, ки меҳнати камтаронаи маро хеле баланд қадрдонӣ карданд. Бояд гӯям, ки ин қадрдонӣ на танҳо барои заҳмату талошҳои ман, балки мукофоти тамоми ҳайати кормандони филиаламон мебошад. Ин эътирофи баланд барои ман ҳам мояи ифтихор ва ҳам масъулияти бузург аст. Он маро водор месозад, ки дониш ва таҷрибаи худро боз ҳам такмил дода, ба занони ҳомила, модарон ва навзодон ёрии тиббии босифату касбӣ расонам. Дар оянда кӯшиш мекунам, ки дониш ва таҷрибаи чандинсолаи худро ба насли ҷавони кормандони соҳаи тиб омӯзонам, то онҳо низ фаъолияти касбии худро бо масъулият, садоқат ва сарбаландӣ идома диҳанд.
— Ба назари Шумо, имрӯз дар низоми тандурустӣ кадом тағйироту навгониҳоро амалӣ намудан зарур аст?
— Дар даҳ соли охир дар соҳаи тандурустӣ сифати хидматрасонии тиббӣ ва сатҳи ҷиҳозонидани муассисаҳои тиббӣ бо воситаҳои тиббӣ ба таври назаррас беҳтар гардид. Ҳамчунин, муассисаҳои нави замонавӣ, ки ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд, бунёд карда шуданд. Бо роҳбарии Президенти муҳтарамамон Шавкат Мирзиёев дар самти рушди соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сифати хидматрасониҳои тиббӣ корҳои назаррас анҷом дода мешаванд. Мо ин ислоҳот ва сиёсати пешгирифтаи давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем. Боварӣ дорам, ки идомаи чунин ислоҳот барои боз ҳам баланд бардоштани сифати хидматрасонии тиббӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ, алалхусус модарону кӯдакон заминаи мусоид фароҳам меорад.
— Ташаккур барои суҳбати самимӣ!

Мусоҳиб Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА