Дирӯз ноиби аввали президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон Равшан Эрматов бо ҳокими вилояти Самарқанд, президенти Ассотсиатсияи футболи вилоят Адиз Бобоев мулоқот кард. Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои такмили минбаъдаи инфрасохтори мавҷудбудаи футбол ва татбиқи лоиҳаҳои ояндадорро баррасӣ намуданд.
Инчунин, дар ҳудуди Академияи футболи Самарқанд маросими кушодашавии майдони нави футбол, ки дар доираи барномаи «Equal Pitch Programme»-и Конфедератсияи футболи Осиё сохта шудааст, баргузор гардид.
Майдони нав барои варзиши босифати футболбозони ҷавон, такмили маҳорат ва дар оянда барои ба натиҷаҳои баланд расидани онҳо имкониятҳои бештар фароҳам меорад.
Зимни боздид меҳмонон бо фаъолияти Академияи футбол ва мактаби футбол, инчунин шароити фароҳамшуда барои футболбозони ҷавон шинос шуданд. Инчунин, бо варзишгарони наврас мулоқоти самимӣ баргузор гардида, ба онҳо дар роҳи расидан ба ҳадафҳои минбаъдаашон барору комёбӣ орзу карданд ва барои дар соҳаи футбол ба дастовардҳои нав ноил шудан тавсияҳо доданд.
Дар анҷоми чорабинӣ масъалаҳои рушди минбаъдаи футбол дар минтақа, такмили фаъолияти академия ва татбиқи лоиҳаҳои ояндадор баррасӣ шуданд.
