Ovozi.uz

Ҷашни иттифоқҳои касаба баргузор гардид

11-уми ноябр — Рӯзи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон

Дар шаҳри Самарқанд ба муносибати Рӯзи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон чорабинии идона баргузор гардид. Дар он фаъолони иттифоқҳои касабаи вилоят, собиқадорони меҳнат ва намояндагони соҳаҳои гуногун иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов суханронӣ намуда, аъзои иттифоқҳои касаба ва собиқадорони соҳаро самимона табрик гуфт.

Таъкид гардид, ки иттифоқҳои касаба дар ҳифзи манфиатҳои кормандон, фароҳам овардани шароити муносиби меҳнатӣ ва мустаҳкам намудани ҳимояи иҷтимоии онҳо нақши муҳим доранд.

Ҳоло дар вилояти Самарқанд 4 212 ташкилоти ибтидоии иттифоқҳои касаба фаъолият дошта, ҳудуди 800 ҳазор корманду донишҷӯ ва ҷавононро муттаҳид месозанд. Ин ташкилотҳо ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои меҳнатӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии аъзои худ, инчунин таъмини фаъолияти онҳо дар шароити муносиби меҳнатӣ пайваста чораҳои зарурӣ меандешанд.

Дар анҷоми чорабинии идона ба як гурӯҳ намояндагони соҳа ва собиқадорони меҳнат, ки дар рушди низоми иттифоқҳои касаба саҳми арзанда гузошта, бо меҳнати содиқонаи худ намунаи ибрат гардидаанд, сипосномаҳо тақдим карда шуданд.