Барои риоя накардани ин талабот соҳибони нуқтаҳои фурӯши газ аз 1 миллиону 320 ҳазор то 2 миллиону 200 ҳазор сӯм ҷарима хоҳанд шуд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон қонунеро «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ва тағйирот ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобаста ба такмили низоми бехатарӣ аз сӯхтор» ба имзо расонд.
Тибқи қонун, минбаъд дар нуқтаҳои фурӯши гази автомобилӣ ба аҳолӣ фурӯхтани гази пропан дар баллонҳои маишӣ манъ мешавад.
Инчунин, ба Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ тағйирот ворид гардида, барои риоя накардани ин талабот ҷарима муқаррар шудааст. Аз ҷумла, соҳибони нуқтаҳои фурӯши газ барои чунин қонуншиканӣ ба андозаи аз 3 то 5 баробари андозаи базавии ҳисобӣ (МҲБ), яъне аз 1 миллиону 320 ҳазор то 2 миллиону 200 ҳазор сӯм ҷарима мешаванд.
Қонун пас аз се моҳи расман эътибор пайдо кардан мавриди амал қарор мегирад.
