Ovozi.uz

Дар Осиёи Марказӣ обшавии пиряхҳо ва норасоии об ба муаммои ҷиддӣ табдил меёбад

Дар Осиёи Марказӣ масъалаҳои обшавии пиряхҳо, норасоии об ва хушксолӣ рӯз ба рӯз шиддат мегиранд.

Дар ин бора депутати Маҷлиси Қурултойи Қазоқистон Айжан Сқақова дар анҷумани байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии илм изҳор доштааст, хабар медиҳад Kazinform.

Ба гуфтаи депутат, солҳои охир тағйирёбии иқлим ба захираҳои обии минтақа таъсири назаррас мерасонад.

– Солҳои охир дар баланси обӣ тағйироти назаррас ба мушоҳида мерасад. Обшавии пиряхҳо, тағйир ёфтани маҷрои дарёҳо, хушксолӣ ва биёбоншавӣ барои Осиёи Марказӣ ба муаммои ҷиддӣ табдил меёбанд. Илм бояд на танҳо сабабҳои ин тағйиротро шарҳ диҳад, балки барои пешгӯии таҳдидҳои оянда ва пайдо кардани роҳҳои ҳалли мушаххас низ мусоидат намояд, — гуфт Айжан Сқақова.

Ба гуфтаи ӯ, ҳатто минтақаҳои Қазоқистон, ки дар фасли баҳор бо обхезӣ рӯ ба рӯ мешаванд, тобистон метавонанд ба норасоии об дучор гарданд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки роҳҳои захира кардани оби сел ва истифодаи минбаъдаи он мавриди омӯзиш қарор дода шаванд.