Аз ҳаёти бузургон
Нобиғае, ки аз шуҳрати худ дурӣ меҷуст
Дар таърихи башарият одамоне ҳастанд, ки қобилиятҳои зеҳнии онҳо ҳанӯз аз овони кӯдакӣ ҷомеаро ба ҳайрат овардаанд. Онҳоро нобиға, соҳиби истеъдоди нодир ва умеди ояндаи илм меноманд. Аммо на ҳамеша чунин истеъдоди фавқулода бо зиндагии пур аз шуҳрат, муваффақият ва хушбахтӣ ҳамроҳ мешавад. Баъзан ҷомеа аз шахси боистеъдод он қадар дастовардҳои бузург интизор шуда хоҳишу интихоби шахсии худи ӯро фаромӯш мекунад.
Яке аз намунаҳои ҷолиби чунин сарнавишт зиндагии Уилям Ҷеймс Сидис мебошад. Ӯ дар ибтидои асри XX дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка (ИМА) ҳамчун кӯдаки фавқулода боистеъдод шуҳрат пайдо кард. Номи ӯ дар рӯзномаҳои амрикоӣ пайваста зикр мешуд ва қобилиятҳои зеҳниаш таваҷҷуҳи ҷомеаро ба худ ҷалб мекарданд. Аммо саргузашти Сидис танҳо қиссаи кӯдаки дорои истеъдоди ғайриоддӣ нест. Ин ҳамчунин қиссаи муносибати ҷомеа бо шахсиятест, ки мехост берун аз қолабҳои сохтаи дигарон зиндагӣ кунад.
Кӯдаке, ки дар синни 11‑солагӣ донишҷӯи Ҳарвард шуд
Уилям Ҷеймс Сидис соли 1898 дар ИМА таваллуд шудааст. Падари ӯ Борис Сидис равоншинос ва равонпизишки маъруфи замони худ буд ва ба масъалаҳои рушди зеҳну қобилиятҳои инсон таваҷҷуҳи махсус дошт.
Муҳити оилавӣ ва муносибати падару модар ба таълиму тарбия ба ташаккули қобилиятҳои Уилям нақши муҳим бозидаанд. Ӯ аз хурдӣ ба омӯзиш шавқи калон дошт ва нисбат ба ҳамсолонаш донишу малакаҳои пешрафта нишон медод. Соли 1909, вақте ки ҳамагӣ 11-сола буд, ба Донишгоҳи Ҳарвард дохил шуд. Ин воқеа таваҷҷуҳи назарраси расонаҳои амрикоиро ба вуҷуд овард. Сидис яке аз ҷавонтарин донишҷӯёни ин донишгоҳи бонуфуз ба шумор мерафт. Дар синни 11‑солагӣ ӯ дар назди гурӯҳе аз устодони Ҳарвард дар бораи масъалаи фазои чорченака маърӯза кард. Чунин қобилият барои навраси ҳамсолаш воқеан ҳайратангез буд.
Соли 1914, вақте ки 16‑сола буд, таҳсилро дар Ҳарвард бо натиҷаи хуб ба анҷом расонд ва соҳиби дараҷаи аъло гардид. Ин дастовард ӯро боз ҳам машҳуртар кард. Бисёриҳо интизор буданд, ки дар оянда аз ӯ донишманди бузург ва шахсияти барҷастаи илмӣ ба камол мерасад. Аммо зиндагӣ на ҳамеша мувофиқи интизориҳои дигарон пеш меравад.
Истеъдоди нодир ва афсонаҳои атрофи он
Бо гузашти солҳо дар бораи қобилиятҳои зеҳнии Сидис ривоятҳои зиёде пайдо шуданд. Дар баъзе мақолаҳои интернетӣ коэффисиенти зеҳнии ӯро аз 250 то 300 нишон медиҳанд ва ҳатто ӯро донотарин инсони таърих меноманд. Шавқи ӯ ба забонҳо, таърих, илм ва соҳаҳои гуногуни дониш маълум аст. Ӯ дар тӯли зиндагӣ ба масъалаҳои гуногун таваҷҷуҳ зоҳир намуда, асар ва навиштаҳои зиёде ба мерос гузоштааст.
Яке аз корҳои маъруфи ӯ китоби «The Animate and the Inanimate» мебошад, ки соли 1925 нашр шудааст. Дар ин асар масъалаҳои табиати ҳаёт ва робитаи он бо қонунҳои термодинамика мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Бойгонии Донишгоҳи Ҳарвард низ аз фаъолияти гуногунҷанбаи зеҳнии ӯ шаҳодат медиҳад. Осори боқимондаи Сидис на танҳо ба илм, балки ба таърих, фалсафа, адабиёт ва масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ дахл доранд.
Зиндагӣ берун аз интизориҳои ҷомеа
Пас аз хатми Ҳарвард зиндагии Сидис ба роҳе пеш рафт, ки аз интизориҳои ҷомеа фарқ мекард. Ӯ нахост тамоми умри худро ба шуҳрати бадастовардааш бахшад ва пайваста дар маркази таваҷҷуҳи мардум бошад.
Дар солҳои минбаъда ӯ ба корҳои гуногун машғул шуд. Муддате ҳамчун корманди одӣ ва ходими коргузорӣ фаъолият кард. Ҳамзамон ба навиштани асарҳо, таҳқиқи масъалаҳои таърихӣ ва омӯзиши мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳаш идома дод. Яке аз хусусиятҳои ҷолиби фаъолияти ӯ истифодаи тахаллусҳо буд. Сидис баъзе навиштаҳояшро бо номҳои мустаор ба табъ мерасонд. Ин тарзи фаъолият имкон медод, ки бештар ба муҳтавои корҳои худ таваҷҷуҳ кунад, на ба шуҳрати шахсияташ.
Ӯ инчунин ба ҷамъоварӣ ва омӯзиши чиптаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ шавқ дошт. Ин шавқ барои бисёриҳо ғайриодӣ менамуд, аммо барои худи ӯ як бахши зиндагӣ ва фаъолияти дӯстдоштааш буд.
Дар ин ҷо як масъалаи муҳим ба миён меояд: оё инсон танҳо барои он ки дар ҷавонӣ истеъдоди фавқулода нишон додааст, вазифадор аст тамоми умр ба интизориҳои ҷомеа ҷавобгӯ бошад?
Зоҳиран, Сидис чунин масъулиятро барои худ қабул накарда буд. Ӯ мехост соҳиби интихоби мустақилона бошад ва ба корҳое машғул шавад, ки худаш муҳим медонист.
Баҳси судӣ бо маҷалла
Сарфи назар аз кӯшишҳои Сидис барои дурӣ ҷустан аз шуҳрат, номи ӯ боз дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеа қарор гирифт. Соли 1937 маҷаллаи маъруфи амрикоии «The New Yorker» дар бораи зиндагии ӯ мақолаҳо нашр кард. Ин матолиб ба фаъолияти пешинаи ӯ ҳамчун кӯдаки нобиға ва тарзи зиндагии минбаъдааш дахл доштанд.
Мақолаҳо, бахусус таваҷҷуҳ ба ҷузъиёти ҳаёти шахсӣ ва одатҳои ӯ, норозигии Сидисро ба вуҷуд оварданд. Ӯ чунин нашрро дахолат ба ҳаёти хусусии худ медонист ва барои ҳимояи ҳуқуқаш ба додгоҳ муроҷиат кард. Ин баҳс ба яке аз парвандаҳои маъруфи ҳуқуқии Амрико дар масъалаи муносибати байни озодии матбуот ва ҳуқуқи инсон ба дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ табдил ёфт.
Соли 1940 Додгоҳи таҷдиди назари ҳавзаи дуюми федералии ИМА дар парвандаи маъруф қарореро қабул кард, ки ба даъвои Сидис дар бахши дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ мусоид набуд. Додгоҳ ба ин назар буд, ки бо назардошти шуҳрати пешинаи ӯ ҳамчун кӯдаки нобиға ва таваҷҷуҳи ҷамъиятӣ ба сарнавишти чунин шахсият, нашри маълумоти воқеӣ дар бораи зиндагии ӯ дар доираи озодии матбуот қарор мегирад. Ин парванда то имрӯз дар омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи инсон, озодии баён ва ҳудуди дахолати матбуот ба ҳаёти шахсӣ аҳамияти таърихӣ дорад. Он ҳамчунин моро водор мекунад, ки дар бораи ҳудуди таваҷҷуҳи ҷомеа ба зиндагии шахсиятҳои маъруф андеша намоем. Оё шуҳрати пешинаи инсон маънои онро дорад, ки ӯ дигар ҳаққи доштани ҳаёти хусусиро надорад?
Поёни зиндагии як шахсияти ғайриоддӣ
Уилям Ҷеймс Сидис 17‑уми июли соли 1944 дар синни 46‑солагӣ дар Бруклайн, иёлати Массачусетси ИМА, бар асари хунравии мағзи сар даргузашт. Ӯ умри дароз надид, аммо зиндагӣ ва фаъолияти ӯ то имрӯз мавриди таваҷҷуҳи муҳаққиқон ва дӯстдорони таърихи илм қарор дорад.
Шахсияти Сидисро наметавон танҳо бо унвони «кӯдаки нобиға» шарҳ дод. Ӯ инсоне буд, ки қобилиятҳои зеҳнии назаррас дошт, ба соҳаҳои гуногуни дониш таваҷҷуҳ мекард ва мехост роҳи зиндагии худро мустақилона интихоб намояд. Шояд муҳимтарин паҳлуи сарнавишти ӯ ҳамин ихтилофи байни интизориҳои ҷомеа ва хоҳишҳои шахсии инсон бошад.
Ҷомеа мехост дар ӯ донишманди бузург ва соҳиби дастовардҳои пайдарпайро бинад. Аммо Сидис ба зиндагии оромтар ва фаъолияти мустақилона майл дошт. Ӯ намехост, ки тамоми шахсияташ танҳо бо як дастоварди кӯдакӣ муайян карда шавад.
Таҳияи Фозили МУҲАММАДЗОД
