Нуқтаи назар
Бегоҳӣ буд. Модар аз кор омад. Ҳанӯз сумкаашро нагузошта, писараш назди ӯ омад:
— Модарҷон, имрӯз дар мактаб…
— Баъдтар мегӯӣ, писарам. Хеле монда шудаам. Сарам дард мекунад, — гуфт модар ва либосашро иваз карда, сӯи ошхона шитофт.
Баъди чанд дақиқа падар аз кор баргашт. Писарак истиқболаш гирифта:
— Ассалому алайкум, дадаҷон. Имрӯз дар мактаб…
— Гап мезанем, вале ҳоло не, — гуфт падар ва телефонро ба даст гирифту рӯи кат дароз кашид.
Писар чанд сония хомӯш монд ва ба ҳуҷраи худ даромад.
Шояд ин манзара барои баъзе оилаҳо шинос бошад. Ин маънои онро надорад, ки падару модар фарзандашонро дӯст намедоранд. Хастагӣ, кори зиёд ва ташвишҳои рӯзгор баъзе волидонро нисбат ба рағбатҳои фарзандон бепарво менамоянд. Аммо айнан ҳамин гуна манзараҳои ба назар хурд метавонанд ба муносибати байни падару модар ва фарзанд таъсири манфӣ расонанд.
Муқаддас ҲОТАМОВА,
психологи мактаби таълими умумии рақами 38‑и ноҳияи Самарқанд
— Ба қарибӣ зане ба ман муроҷиат кард, ки фарзандаш бо ӯ ва падараш суҳбат намекунад. Хоҳ муаммо дошта бошад, хоҳ ба ягон муваффақият расад. Муаммо ва муваффақити ӯро мо аз кӯча мефаҳмем. Азбаски ман он хонандаро хуб мешинохтам, аз гуфтаҳои модараш ҳайрон шудам. Ӯ гарчи бо баҳои аъло нахонад ҳам, нисбати дигар ҷӯраҳояш дониши хуб дошт. Баъди ҳамин, якчанд маротиба бо ӯ суҳбат гузаронидам. Охир, суханҳои дилашро гуфт: «Дар хотир надорам, ки падарам бо мо гирди як дастархон нишаста, суҳбат карда бошанд. Ҳамеша дар хориҷа зиндагӣ мекунанд. Ҳар сол як маротиба ба муддати ним ё як моҳ ба наздамон меоянд. Ин муддатро ҳам аксар вақт бо хешу табор, маъракаравӣ ё давраи дӯстон мегузаронанд. Модарам бошанд, бо дӯзандагӣ машғуланд. Дар шаҳр дӯкони дӯзандагӣ доранду аксар вақтро дар ҳамон ҷо мегузаронанд. Албатта, ман аз онҳо гилае надорам. Медонам, ки падару модарам барои беҳбудии рӯзгор, таъмини эҳтиёҷоти мо меҳнат мекунанд. Бинобар ин, намехоҳам, ки муаммоҳои худро гуфта, ба онҳо боз ташвиш орам».
Дар ҳақиқат, бо кӯдакон ҳар қадар суҳбат кунеду ба фикрашон гӯш андозед, ҳамон қадар бо шумо наздик мешаванд. Вақте, ки «баъд мегӯӣ» зиёд такрор мешавад, он худ аз худ фарзандро аз падару модар дур мекунад. Кӯдак ҳамеша барои бозӣ ё гирифтани чизе назди волидон намеравад. Баъзан ӯ мехоҳад чизеро нақл кунад: дар мактаб ё кӯдакистон чӣ шуд, аз чӣ хурсанд шуд ва ё аз чӣ ранҷид. Аммо ҳар бор ӯ аз наздиконаш ҷавоби «ҳозир вақт надорам», «баъд мегӯӣ», «ман хастаам»-ро мегирад, ба хулоса меояд, ки гапҳои ӯ барои падару модараш он қадар ҳам муҳим нестанд. Бо гузашти вақт ӯ кам суҳбат карда, муаммоҳоро пинҳон ва барои маслиҳат ба дигарон муроҷиат мекунад.
Боз ба моҷарои телефон бармегардем
Бояд гуфт, ки гоҳо телефон ба муносибатҳои оилавии имрӯза рахна меандозад. Оилаҳое ҳастанд, ки дар он падару модар ҳангоми дар хона буданашон паҳлӯи фарзандон нишинанд ҳам, бо онҳо кам суҳбат мекунанд ва асосан вақти худро бо телефонбозӣ мегузаронанд.
Заррина ПӮЛОДОВА,
тарбиятгари кӯдакистони хусусии «АBVGD»-и шаҳри Самарқанд
Мо асосан ба кӯдакони аз якунимсола то сесоларо нигоҳубин мекунем. Ҳар як кӯдак олами худро дорад. Аксарияти кӯдакон дар рӯзҳои аввали шиносоӣ бо муҳити кӯдакистон бештар гиря мекунанд ва ба муҳити нав одат кардани онҳо мушкил мешавад. Албатта, барои кӯдакони ин синну сол аз оғӯши модар дида, ҷойи беҳтар нест. Аммо хархашаи аксарияти онҳо ба туфайли телефон мебошад. Бо гузашти вақт дар ин маскан одат мекунанд ва саргарми бозиву машғулотҳо гашта, дигар аз он «бозичаи вақтсӯзак» парвое намекунанд. Лекин, баъзан дар рӯзҳои зиёди истироҳатӣ, ки ба муносибати ин ё он ҷашн дода мешаванд, кӯдакон боз мухлиси телефон мегарданд ва ба ҳаёти воқеӣ одат кардани онҳо душвор мешавад. Борҳо ба падару модарон мегӯям, ки дигар ба дасти фарзандонашон телефон надиҳанд. Баҳонаи модарони ҷавон тайёр: донишҷӯ ҳастанд ё дар кори давлат кор мекунанду пас аз кор бояд корҳои рӯзгорро низ ба анҷом расонанд. Аз ин рӯ, маҷбур мешаванд, ки кӯдаконро бо телефон машғул намоянд. Муаммо дар телефон нест. Муаммо вақте пайдо мешавад, ки телефон ҷойи суҳбати самимиро гирад, дар оила ба ҷойи мулоқоти оилавӣ ҳама саргарми телефонҳои худ бошанд.
Тарбия аз боварӣ оғоз мешавад
Аз мушоҳидаҳо маълум аст, ки аксари одамон тарбияи фарзандро танҳо назорат кардани дарс, баҳо, дӯстон, вақти муайяни ба хона баргаштан медонанд. Вале тарбия, инчунин сохтани муносибатест, ки дар он кӯдак аз гуфтани муаммои худ наметарсад.
Мамлакатхон НУРМАТОВА,
равоншинос, муаллимаи факултети филология ва омӯзиши забонҳои шарқи ДДС
— Барои ҳамаҷониба рушд ёфтани кӯдак танҳо ҳузури ҷисмонии падару модарон кофӣ нест. Суҳбати ҳаррӯзаи самимӣ ва эҳсос кардани дастгирии онҳо хеле муҳим мебошад. Кӯдак бояд ҳис намояд, ки барои кори хато аз падару модараш сарзаниш намешунавад. Барои суҳбат вақти алоҳида лозим нест. Ҳангоми хӯрокхӯрӣ, шустушӯй, ба тартиб овардани хонаву ҷой, дар роҳ ё пеш аз хоб суҳбат кардан мумкин аст. Муҳим он аст, ки на танҳо пурсанд, ки фарзандашон чӣ кор кардааст, балки ба эҳсосоту шавқи ӯ низ эътибор диҳанд. Масалан, «Имрӯз аз чӣ хурсанд шудӣ?», «Оё ягон кас туро ранҷонд?», «Дарсҳо хуб гузаштанд?» ва монанди инҳо. Албатта, баъд аз савол ҷавобро низ гӯш кунанд. Вақти суҳбат кӯдак боварӣ пайдо кунад, ки барои падару модараш шахси муҳим аст, таҳлили ҳар рӯзи худро одат мекунад. Ин барои рушди ӯ замина меофарад.
Сӯҳроб МАМАДҚУЛОВ,
сокини шаҳри Самарқанд, соҳибкор
— Ҳоло зиндагии кӯдаконро мушоҳида карда, фикр мекунам, ки давраҳои бачагии мо хеле хуб гузаштааст. Албатта, падару модари мо низ кори бисёр доштанд, он вақтҳо ҳам зиндагӣ кардан он қадар осон набуд. Вале вақте бегоҳ аз кор меомаданд, вақташонро бештар бо мо мегузаронданд. Дар хонаи мо танҳо рӯзҳое, ки дар оинаи нилгун футбол дода мешуд, ҳамон рӯз телевизор кор мекард. Дигар рӯзҳо бобоям намегузоштанд, ки онро гиронем. Ба ҷои телевизор як шаб модарам, шаби дигар модаркалонам, баъзе шабҳо худи бобоям қиссаву афсонаҳо мегуфтанд. Модаркалонам китоби «Ҳазору як шаб» доштанд. Ҳоло бошад, набераҳои худамро мебинам, ки ҳамаашон побанди телевизору телефонанд. Албатта, барои ин худи мо муҳит офаридаем. Ҳатто, баъзан сари зону гирифта, афсона гуфтанӣ шавем, намехоҳанду аз дастамон телефонро мегиранд.
Шумо чӣ, фарзандатонро гӯш мекунед, хонандаи муҳтарам?
Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА
