Тибқи хабари хадамоти матбуоти Департаменти амнияти ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз 1-уми феврали соли 2026 тартиби гирифтани шаҳодатномаи ронандагии категорияҳои «A» ва «B» тағйир ёфт.
— Тибқи қарори Девони Вазирон таҳти рақами 636, минбаъд омӯзиши донишҳои назариявиро метавон бидуни ҳузур дар марказҳои таълимӣ анҷом дод, — гуфт роҳбари хадамоти матбуоти Департаменти амнияти ҷамъиятӣ Музифа Султонова.
Яъне хоҳишмандон метавонанд тавассути курсҳои онлайн, курсҳои офлайн ё омодагии мустақилона донишҳои назариявиро аз худ намоянд.
Ҳамзамон, машғулиятҳои амалӣ (идоракунии нақлиёт) ҳатмӣ боқӣ мемонанд. Ин машғулиятҳо бояд пурра дар марказҳои давлатӣ ё хусусии таълимии ронандагӣ гузаронида шаванд. Пас аз анҷоми пурраи машғулиятҳои амалӣ, довталабон аз имтиҳонҳои назариявӣ ва амалӣ мегузаранд. Онҳое, ки имтиҳонҳоро бомуваффақият месупоранд, соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ хоҳанд шуд.
Маълумотнома дар бораи анҷоми машғулиятҳои амалӣ минбаъд на дар шакли коғаз, балки ба таври электронӣ расмӣ карда мешавад.
Инчунин, тартиби ба қайд гирифтани гурӯҳҳои таълимӣ оид ба омода ва бозомӯзии ронандагони воситаҳои нақлиёти категорияҳои «A» ва «B» дар Хадамоти давлатии бехатарии ҳаракати роҳ бекор карда мешавад.
