Ovozi.uz

Ҳамкории нави Ӯзбекистон-Италия дар соҳаи шаҳрсозӣ

Рӯзҳои 2-3-юми феврал дар Донишгоҳи давлатии меъморӣ ва сохтмони Самарқанд (ДДМСС) ба номи Мирзо Улуғбек семинари илмиву амалии байналхалқӣ баргузор гашт. Дар он мутахассисони Ӯзбекистон ва Италия иштирок намуда, масъалаҳои шаҳрсозии замонавӣ, меъмории устувори экологӣ ва ба заминларза тобовар будани иншоотҳоро баррасӣ карданд.

Дар он ҷонишини ҳокими вилоят Ҳусан Тӯхтаев, ҷонишини вазири сохтмон ва хоҷагии комуналии хонаву ҷой Тоир Алиматов, мутахассиси калони Бонки Ҷаҳонӣ Муҳаммад Нада, инчунин, намояндагони муассисаҳои таълими олии Ӯзбекистон ва Италия, ширкатҳои бинокорӣ, коршиносони байналхалқӣ, муаллимону донишҷӯён иштирок намуданд.

Рӯзи аввали семинар мавзӯи “Консепсияи нави шаҳрсозӣ: шаҳрсозӣ, санъат ва фарҳанг, муҳандисӣ ва меъморӣ, устувории экологӣ. Таҷрибаи Италия ва Ӯзбекистон”, рӯзи дуюм мавзӯи “Ҳифзи сейсмикии иншоот: таҷрибаи Италия ва Ӯзбекистон” баррасӣ шуд. Дар он иштирокдорон масъалаҳои нақши маданият ва санъат дар рушди шаҳр, роҳҳои ҳалли устувории экологӣ ва равияҳои нави меъмориву муҳандисиро муҳокима карданд. Инчунин, аз рӯи технологияҳои изолятсияи сейсмикӣ, роҳҳои ҳалли муҳандисии замонавӣ, санҷиши сейсмики дар иншооти бо чопи 3D сохташуда тақдимотҳои амалӣ гузарониданд. Ташкили саволу ҷавоби коршиносон ба семинар ҷон бахшид.

Инчунин, дар доираи семинар байни ДДСМ-и Самарқанд ва муассисаҳои таълими олӣ, аз ҷумла Донишгоҳи Габриэл Аннунзио (Кьети Пескара)-и Италия, Донишгоҳи Хансеои Кореяи Ҷанубӣ ва Донишгоҳи давлатии Қорақалпоқистон, ҳамчунин, бо ширкати италиявии “Crisci Management” меморандумҳои ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ин ҳамкориҳо ба табодули омӯзгорону донишҷӯён, роҳандозии барномаҳои муштараки таълимӣ ва тадқиқоти илмӣ, гузаронидани анҷуманҳои илмӣ равона шудаанд.

  • Мақсади мо ба роҳ мондани барномаҳои муштарак дар соҳаи таълим ва муҳимтар аз ҳама, фароҳам овардани имкониятҳои таҳсили байналхалқии насли ҷавон ва дастгирии ояндаи касбии онҳо мебошад, — гуфт вакили Италия Гаэтано Кристи. – Аз ин рӯ ният дорем, ки фаъолияти курсҳои нави забономӯзиро дар соҳаҳои муҳандисӣ, менеҷмент, санъат ва мероси маданӣ ба роҳ монем. Ҳоло Ӯзбекистон эҳёи беназир – Ренессансро аз сар мегузаронад. Орзуи ман Ренессанси Италияро бо бо рушди имрӯзаи Ӯзбекистон муқоиса намоям, яъне рушди мутаносиби маданияту санъат, муҳандисӣ ва меъмориро бинам.

Хизмати ахбори Донишгоҳи меъморӣ ва сохтмони Самарқанд