Ovozi.uz

Саломатии кӯдак аз ғамхории волидон оғоз мешавад

Тандурустӣ

Чаро дар фасли сармо кӯдакон бештар ба бемориҳои роҳи нафас гирифтор мешаванд? Волидон барои ҳифзи саломатии онҳо бояд ба чӣ диққат диҳанд?

Бо фаро расидани фаслҳои тирамоҳу зимистон шумораи гирифторони бемориҳои роҳи нафас меафзояд. Навзод ва хурдсолон низ ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. Баъзан чунин бемориҳо метавонанд сабаби мушкилоти ҷиддии саломатӣ гарданд.

Сирояти шадиди бемориҳои роҳҳои нафас, ки дар байни мардум бештар бо номи шамолхӯрӣ маълум аст, яке аз бемориҳои маъмули кӯдакон мебошад. Беш аз 90 фоизи чунин бемориҳо аз таъсири вирусҳо ба вуҷуд меоянд. То имрӯз зиёда аз 200 навъи вирусҳо муайян шудаанд, ки метавонад ба роҳҳои нафас осеб расонанд. Дар фасли тирамоҳ, бахусус моҳи ноябр, ҳолатҳои гирифторӣ ба ин беморӣ зиёд мешавад. Сабаби асосӣ паҳншавии фаъоли вирусҳо, дар кӯдакистон, мактаб ва ҷойҳои ҷамъиятӣ зиёд шудани робитаи наздики кӯдакон бо ҳамдигар мебошад.

Чаро кӯдакон бештар бемор мешаванд?

Кӯдакони то панҷсола нисбат ба калонсолон бештар ба сироятҳои роҳи нафас гирифтор мешаванд. Зеро, дар ин синну сол системаи муҳофизати бадан ҳанӯз пурра ташаккул наёфтааст. Аз ин рӯ, организм на ҳамеша ба вирусҳо муқовимати кофӣ нишон дода метавонад. Кӯдакистонҳо низ яке аз ҷойҳои паҳншавии бемориҳои сироятӣ ба шумор мераванд. Кӯдакон соатҳои зиёд бо ҳам бозӣ мекунанд, аз бозича ва дигар ашёи умумӣ истифода мебаранд. Ҳангоми сулфа ва атса вирусҳо ба ҳаво паҳн шуда, ба дигарон мегузаранд. Аз ин рӯ, риояи тозагӣ, шустани дастҳо ва дур нигоҳ доштани кӯдаки бемор аз дигарон аҳамияти калон дорад.

Бандшавӣ ва обравии бинӣ, атса, сулфа, дарди гулӯ, баланд шудани ҳарорат, беҳолӣ ва кам шудани иштиҳо нишонаҳои маъмули ин беморӣ мебошанд. Дар баъзе кӯдакон қайкунӣ, дарунравӣ, сурхшавӣ ва дарди чашм низ мушоҳида мешавад. Агар беморӣ дуруст назорат карда нашавад, метавонад ба илтиҳоби гӯш, ҷавфҳои бинӣ, бронхит ва пневмония оварда расонад. Дар кӯдакони то дусола баъзан бронхиолит низ ба вуҷуд меояд. Ин беморӣ нафаскаширо душвор месозад ва ба нигоҳубини махсус ниёз дорад. Пневмония, яъне илтиҳоби шуш, яке аз пешомадҳои хатарноки бемориҳои роҳи нафас мебошад. Аз ин рӯ, агар кӯдак нафаскаширо душвор ҳис кунад ё ҳолати умумии ӯ ногаҳон бад шавад, бояд саривақт ба духтур муроҷиат кард.

Худтабобаткунӣ ба саломатии кӯдак зарар дорад

Яке аз хатоҳои маъмули волидон истифодаи худсаронаи доруҳо мебошад. Баъзеҳо ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои аввалини шамолхӯрӣ ба кӯдак антибиотик медиҳанд. Ҳол он ки антибиотикҳо ба вирусҳо таъсир надоранд ва танҳо дар ҳолати зарурат бо тавсияи духтур истифода мешаванд. Ҳамчунин, ҳангоми баланд шудани ҳарорат ба бадани кӯдак молидани спирт ё маҳлули сиркоро тавсия намедиҳанд. Истифодаи омехтаи аналгин ва димедрол низ бе назорати духтур метавонад оқибатҳои номатлуб дошта бошад. Интихоби дору ва муайян кардани миқдори он ба синну сол, вазн ва вазъи саломатии кӯдак вобаста аст. Аз ин рӯ, волидон пеш аз истифодаи ҳар гуна дору бояд бо мутахассиси тиб маслиҳат кунанд.

Кадом нишонаҳо хатарноканд?

Агар нафаскашии кӯдак душвор, лабонаш кабуд, қисми поёнии қафаси сина ҳангоми нафаскашӣ ба дарун кашида шавад, аз нӯшидани об даст кашад ё беҳолии шадид пайдо кунад, фавран ба ёрии тиббӣ бояд муроҷиат кард. Ин нишонаҳо аз вазнин шудани беморӣ дарак медиҳанд. Дар ҳолатҳои сабук волидон ба кӯдак бояд оби гарм, шарбати мева ё дигар нӯшокиҳои мувофиқ ба синну соли ӯро диҳанд. Ғайр аз ин, хонае, ки дар он бемор хоб аст, мунтазам шамол дода, тозагии онро нигоҳ доранд. Барои осон шудани нафаскашии бемор бинӣ мунтазам бо маҳлули физиологӣ тоза карда шавад. Ҳангоми то 38,5° C будани ҳарорати бадан бештар нӯшонидани моеъ, бо оби гарм пок кардани бадан тавсия дода мешавад. Бо вуҷуди ин, ҳангоми аз 38,5° C баланд шудани ҳарорати бадан маслиҳати педиатр муҳим аст. Ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои шамолхӯрӣ дар кӯдакон, волидон набояд худсарона ба табобат шуруъ кунанд. Пеш аз ҳама, бояд ба педиатр муроҷиат намоянд. Маслиҳати саривақтии духтур барои пешгирии мушкилоти эҳтимолӣ ва зудтар шифо ёфтани кӯдак мусоидат мекунад. Барои пешгирии шамолхӯрӣ низ риояи чораҳои беҳдоштӣ аҳамияти калон доранд. Мақсади асосии ин чораҳо кам кардани хатари сироятёбӣ, мустаҳкам намудани қувваи муҳофизатии организм ва пешгирии оқибатҳои вазнини беморӣ мебошад.

Барои кам кардани хатари гирифторӣ ба бемориҳои мавсимӣ, пеш аз ҳама, кӯдакон ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ бояд одат кунанд. Шустани дастҳо, истифода накардани зарфҳои умумӣ, тоза нигоҳ доштани хона ва дурӣ ҷустан аз шахсони бемор аз роҳҳои одии пешгирии сироят мебошанд. Ғизои солим, хоби кофӣ, ҳаракати ҷисмонӣ ва риояи тақвими эмгузаронӣ низ барои мустаҳкам шудани саломатии кӯдак мусоидат мекунанд. Эмгузаронӣ бар зидди зуком ва дигар бемориҳое, ки ваксина доранд, бояд тибқи тавсияи мутахассис анҷом дода шаванд. Шамолхӯриро бемории безарар шуморидан нодуруст аст. Бепарвоӣ нисбат ба нишонаҳои он ва истифодаи нодурусти доруҳо метавонад ба саломатии кӯдак зарар расонад. Аз ин рӯ, дар фасли сармо риояи қоидаҳои пешгирӣ, нигоҳубини дуруст ва сари вақт ба духтур муроҷиат кардан беҳтарин роҳи ҳифзи саломатии фарзандон мебошад.

Муборак ҲОСИЛОВА,
педиатр-шифокори тоифаи олӣ