Дар вилояти Самарқанд марҳилаи вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Аз пайи ҷадидон» миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз гардид.
Ҳоло дар бинои «Келаҷак маркази»-и шаҳри Самарқанд миёни хонандагони муассисаҳои таълими миёнаи умумӣ марҳилаи вилоятии озмуни «Аз пайи ҷадидон» баргузор мегардад.
Мақсади озмун тарғиби васеи ҳаёту фаъолияти ҷадидон ва мероси гаронбаҳои эҷодии онҳо, инчунин рушди ҷаҳонбинии таърихӣ, фарҳанги китобхонӣ ва қобилияти эҷодии донишомӯзон мебошад.
Дар маросими кушодашавии озмун роҳбари Садорати таълим ва илму фани вилояти Самарқанд Рустам Йӯлдошев, роҳбари «Келажак маркази»-и вилоят Зебинисо Шодиева ва раиси ҳакамони озмун, олими таърихшинос ва ҷадидшинос Баҳром Ирзаев иштирок карданд.
Онҳо иштирокчиёни озмунро самимона табрик гуфта, ба онҳо барору комёбӣ орзу намуданд.
Барои иштирок дар озмун аз тамоми вилоят 62 ҳазору 106 нафар хонанда ариза пешниҳод кардаанд. Дар марҳилаи интихоби мактабӣ қариб 30 ҳазор нафар ва дар марҳилаи ноҳиявию шаҳрӣ наздики 3 ҳазор хонанда донишу маҳорати худро нишон додаанд.
Аз рӯйи натиҷаҳои зинаи ноҳиявию шаҳрӣ 32 нафар хонандаи болаёқат, ки натиҷаҳои беҳтаринро ба даст овардаанд, дар марҳилаи вилоятӣ бо ҳам рақобат доранд.
Озмуни мазкур барои зиёд кардани шавқу рағбати ҷавонон ба мероси бебаҳои маънавии ҷадидони гузашта, инчунин тарбияи онҳо дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ғояҳои маърифатпарварӣ мусоидат мекунад.
