Имрӯз дар вилояти Самарқанд марҳилаи сеюми Олимпиадаи асосӣ миёни хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ оғоз ёфт.
Озмун дар мактабҳои таҳсилоти умумии рақами 20 ва 9-уми шаҳри Самарқанд баргузор мегардад. Барои иштирокчиён тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар ин марҳила донишомӯзони соҳибистеъдод аз рӯи 15 фанни таълимӣ донишу маҳорати худро месанҷанд. Олимпиада то 4-уми декабр идома ёфта, дар он иштироки 2 ҳазору 393 хонанда дар назар аст.
Имрӯз хонандагони синфи 10 аз фанни математика кори хаттӣ иҷро мекунанд. Хонандагони синфи 11 бошанд, аз фанни информатика дар бахши барномасозӣ дониши худро месанҷанд.
Дар олимпиада ғолибони марҳилаи ноҳиявӣ (шаҳрӣ), инчунин хонандагони литсейҳои академӣ, мактабҳои президентӣ, мактабҳои ихтисосонидашуда ва филиали самарқандии мактаби махсусгардонидашудаи ба номи Ал-Хоразмӣ иштирок доранд.
Озмун тибқи тартибу талаботи муқарраршуда баргузор мегардад.
