— Тавре ки мо медонем, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 16 апрели соли 2018 «Дар бораи чораҳои куллан беҳтар кардани фаъолияти соҳаи динӣ-маърифӣ» таҳти рақами 5416 Фонди ҷамъиятии хайрияи «Вақф» дар назди Идораи мусалмонони Ӯзбекистон таъсис ва вазифаҳои он муайян карда шудаанд, — гуфт роҳбари вилоятии ин фонд Ёқубҷон Мансуров дар оғози анҷумани матбуотӣ, ки дирӯз дар Хонаи матбуоти вилоят баргузор гардид.
— Мувофиқи он дар вилояти мо баъзе ҷойҳои муқаддас ва зиёратгоҳу қадамҷойҳо барои истифодаи фонд ба иҷора дода шуданд.
Дар идома зикр гардид, ки калимаи «вақф» дар луғатҳо ба маънои «нигоҳ доштан», «боздоштан» аст. Дар бораи таърифи шариати вақф андешаҳои гуногун баён шудаанд. «Вақф нигоҳ доштани чизе ҳамчун моликияти Аллоҳ аст».
Дар рафти анҷуман маълум гардид, ки 15 объект — масҷиду мадраса, зиёратгоҳ ва қадамҷойҳо, аз ҷумла Шоҳи зинда, Руҳобод, Имом Мотуридӣ, Хоҷаи Хизр, Хоҷа Дониёр, Хоҷа Аҳрори Валӣ ва ғайра барои фоидабарии иҷоравӣ ба моликияти «Вақф» гузаронида шудааст.
Дар бораи сарфи маблағҳои фонд ба корҳои ободонии масҷидҳо, зиёратгоҳҳо, оилаҳои ниёзманд, яккаву танҳо ва беморон низ маълумот дода шуд. Ё. Мансуров, инчунин қайд кард, ки аз маблағи фонд таҳоратхонаи 55 масҷид аз таъмир бароварда шудаанд. Барои ду нафар сокини ниёзманди ду ноҳияи вилоят биноҳои истиқоматӣ сохта додаанд.
Котиби матбуоти идораи динии вилояти Самарқанд Ҷаҳонгир Аброров оиди корҳои динӣ-маърифатӣ, хайру саховат ва соҳаи иҷтимоӣ, ки соли 2026 ба анҷом расонида шудаанд, маълумоти зиёде пешниҳод карда, аз ҷумла дар хусуси чорабиниҳои хайриявии шуъбаи минтақавии Бунёди ҷамъиятии хайрияи «Вақф», ки вобаста ба вазъи оилаҳои ниёзманд мунтазам баргузор мекунад, маълумот дод.
Маълум гардид, ки дар ин чорабиниҳои хайриявӣ, ба оилаҳои маъюбон, онҳое, ки саробонашонро аз даст додаанд, хонаводаҳои серфарзанд, танҳо ва оилаҳои камдаромад ёрӣ расонида шудааст.
Дар охири ҷамъомад онҳо ба саволҳои ходимони матбуот посух доданд.
Б.ҶУМЪАЕВ
