Ovozi.uz

Оянда аз имрӯз оғоз мешавад

Агар хоҳем фардои ҷомеа обод бошад, бояд имрӯз ба тарбияи насли огоҳ, соҳибмаърифат ва масъулиятшинос таваҷҷуҳ намоем. Ҳар як давру замон симои хоси худро дорад. Замони мо низ замони суръати баланд, андешаҳои нав, пешрафти технология ва имкониятҳои васеи зиндагист. Дар миёни ин ҳама тағйирот як саволи муҳим ба миён меояд: ҷавонони имрӯз барои сохтани фардои худ ва ҷомеа чӣ масъулият доранд?

Ҷавонӣ танҳо давраи орзу кардан нест, балки замони амал, ҷустуҷӯ, омӯзиш ва сохтани шахсияти хеш мебошад. Инсон дар ҷавонӣ метавонад барои худ роҳе интихоб кунад, ки тамоми ояндаи зиндагияшро муайян созад. Аз ин рӯ, ҳар як рӯзи бидуни донишомӯзӣ ва талош метавонад аз даст рафтани имконияте бошад, ки дигар баргардонидани он осон нест. Имрӯз дар ҷомеа ҷавононе ҳастанд, ки бо вуҷуди муаммоҳои гуногун барои таҳсил, касбомӯзӣ ва расидан ба мақсадҳои худ талош мекунанд. Баъзеҳо аз зодгоҳу хонавода дур шуда, ба шаҳрҳои дигар мераванд, то дари илму маърифатро боз кунанд. Онҳо бо умедҳои бузург, орзуҳои ширин ва боварӣ ба фардои нек бо роҳи худ пеш мераванд. Ин гуна талошҳо нишон медиҳанд, ки барои инсон доштани мақсад ва иродаи қавӣ то чӣ андоза муҳим аст.

Аммо танҳо соҳиби диплом шудан маънои соҳибмаърифат буданро надорад. Маълумоти олӣ танҳо яке аз зинаҳои камолоти инсон аст. Муҳим он аст, ки донишро дар зиндагӣ дуруст истифода бурда тавонем, мус­тақилона андеша кунем, ҳақиқатро аз ботил фарқ намоем ва барои ҷомеа шахси судманд бошем.

Мутаассифона, дар замони ҳозира баъзе ҷавонон вақти гаронбаҳои худро ба корҳои камаҳаммият сарф мекунанд. Шабакаҳои иҷтимоӣ, тақлид ба зиндагии дигарон ва пайравӣ ба андешаҳои бегона баъзан инсонро аз мақсадҳои аслии худ дур месозанд. Албатта, истифодаи технологияҳо зарур аст, вале набояд фаромӯш кунем, ки технология бояд хидматгори инсон бошад, на инсон хидматгори он.

Ба андешаи мо, муваффақият танҳо дар сарват, мақом ё шуҳрат нест. Муваффақияти ҳақиқӣ дар он аст, ки инсон бо дониш, рафтори нек ва меҳнати ҳалол барои дигарон низ манфиат расонад. Зеро арзиши инсонро на танҳо суханони ӯ, балки амалу рафтораш низ муайян мекунад.

Пас, ҷавонони азиз, биёед, аз худ оғоз намоем! Ба ҷойи интизори фардои беҳтар будан, имрӯз ба сӯи он қадам гузорем. Китоб хонем, дониш омӯзем, ҳунар аз худ кунем, ба падару модар эҳтиром гузорем ва барои пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошем.

Машҳура ҶОБИРОВА, шунавандаи «Мактаби маҳорат»