Ovozi.uz

Мақолаи таҳлилӣ: аз масъалагузорӣ то хулосаи асоснок

Дар доираи машғулотҳои «Мактаби маҳорати журналистони ҷавон»-и назди рӯзномаи «Овози Самарқанд» бо иштироки мусаҳҳеҳи рӯзномаи вилоятии «Зарафшон» Насиба Ҷонтураева барои шогирдони мактаби маҳорат дарси омӯзишӣ баргузор гардид.

Мавзӯи машғулот жанри мақолаи таҳлилӣ ва хусусиятҳои он дар журналистика буд. Насиба Ҷонтураева зимни дарс оид ба моҳияти ин жанри публитсистӣ, сохтор, тарзи таҳияи мавод ва талаботи асосӣ ҳангоми навиштани мақолаи таҳлилӣ маълумот дод.

Насиба Ҷонтураева дар рафти машғулот эътибори иштирокдоронро ба марҳилаҳои асосии таҳияи мақолаи таҳлилӣ ҷалб намуд. Мувофиқи маълумоти ӯ, интихоби масъалаи муҳим, дуруст муайян кардани муаммо, ҷамъоварии далелу исботҳо, таҳлили сабабу оқибатҳои онҳо, пешниҳоди роҳҳои ҳалли масъала ва дар охир баён кардани хулосаву пешниҳодҳо аз унсурҳои муҳими ин жанр ба шумор мераванд.

— Мақолаи таҳлилӣ танҳо баёни як воқеа ё пешниҳоди маълумот нест, — гуфт Н.Ҷонтураева. — Журналист бояд моҳияти масъаларо ошкор карда, сабабҳои ба вуҷуд омадани онро таҳлил намояд ва дар асоси далелҳои мушаххас ба хулосаи мантиқӣ бирасад.

Ҷиҳати ҷолиби машғулот дар он буд, ки дар баробари шарҳи назариявӣ ба корҳои амалӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Иштирокдорон ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, навиштани мақолаи таҳлилиро дар амал машқ карданд. Онҳо тарзи муайян намудани масъала, интихоби далелҳо ва ба низом даровардани фикрҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Навбаҳор Маҳкамова,
шунавандаи «Мактаби маҳорат»