Дар чорабиниҳои зудамал аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Самарқанд дар ҳамкорӣ бо кормандони Раёсати корҳои дохилии вилоят чанд нафаре, ки ба боварии ҳамватанони мо сазовор гардида, барои боз ҳам реша давондани коррупсия замина фароҳам овардаанд, бо далелҳои ашёвӣ дастгир карда шуданд.
Аз ҷумла, дар рафти чорабинӣ Т.А., соли таваллудаш 1975, устоди факултети математикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд бо шахсони мансабдори Садорати вилоятии хазинаи нафақаи берун аз буҷет забон як карда, хостааст ба ивази ҳамроҳ кардани 20-сола таҷрибаи корӣ шаҳрвандонро ба нафақа бароварда диҳад ва дар ивази ин 3000 доллари ИМА гирифтани шуда, ки дар ҳангоми гирифтани ин маблағ дастгир шуд.
Дар яке аз чунин чорабиниҳои фаврии дигар О.М, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Ғаллаороли вилояти Ҷиззах, ки мехост ба воситаи шиносҳои наздикаш, ки дар комбинати кон-металургияи Навоӣ кор мекунанд, шаҳрванди маҳаллиро дар яке аз конҳои тилои “Марҷонбулоқ” ва “Зарафшон” ба кор таъмин кунад ва дар ивази ин 2000 доллари ИМА талаб карда буд, ҳангоми гирифтани пул боздошт шуд.
Дар чорабиние, ки бо ҳамкории Садорати вилоятии хизмати бехатарии давлатӣ ва Садорати вилоятии Департаменти мубориза алайҳи ҷиноятҳои иқтисодӣ баргузор шуд, Х.Е., ки соли таваллудаш 1990 буда, дар шаҳри Самарқанд зиндагӣ мекунад ва дар яке аз маҳаллаҳои ноҳияи Самарқанд ба ҳайси ёвари ҳоким кор мекард ва Б.В., соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Пастдарғам, ки дар яке аз маҳаллаҳои ноҳияи Самарқанд ба ҳайси ёвари ҳоким кор мекард, бо ҳам забон як карда, 3,5 хол замини холии захираи ҳоким, воқеъ дар назди канали Сиёбро фурӯхтани шуда, ҳангоми ин нақша дастгир шуданд. Онҳо ин заминро тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 3-юми декабри соли 2021 таҳти рақами ПФ-29, бо баҳонаи дастгирии фаъолияти соҳибкории ҷавонон ба музояда гузошта, ба шаҳрванди маҳаллӣ ваъда додаанд, ки онро дар ауксион ғолиб месозанд ва ба воситаи шиносҳои дар кадастр кор мекардаи худ ҳуҷҷатҳои заминро қонунӣ мекунанд. Барои ин аз шаҳрванд 1300 доллари ИМА талаб карда, ҳангоми гирифтани пешпардохт — 1000 доллари ИМА, бо далелҳои ашёвӣ дастгир карда шудаанд.
Ҳоло бар зидди ҳамаи шахсони дар боло зикршуда тибқи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
