Ovozi.uz

Шахсоне, ки ба фурӯши маводи психотропӣ машғул буданд, боздошт шуданд

Бо мақсади хотима бахшидан ба фурӯши моддаҳои психотропӣ ва ба ин васила маҳдуд кардани муомилоти маводи мухаддир, ки ба саломатии ҳамватанонамон хатари ҷиддӣ дорад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амалҳои манфури бандагони шаҳват фош карда мешаванд.

Аз ҷумла, ҳангоми гузаронидани чорабинии зудамал дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Самарқанд ва Вазорати корҳои дохилии вилоят, сокини ноҳияи Самарқанд Р.А., соли таваллудаш 1991 ва Б.М., соли таваллудаш 1992 ҳангоми фурӯши 198 адад маводи мухаддири психотропии «Зардакс» ба як шаҳрванди маҳаллӣ бо далелҳои ашёвӣ дастгир карда шуданд.

Ҳоло нисбати ин шаҳрвандон бо моддаи дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.