Ovozi.uz

Булунғуриён — дар ҷойи аввал

Дар мактаби варзишии Булунғур аз рӯйи намуди гӯштии юнону руми варзиш чемпионати вилоятӣ доир гардид. Дар он беш 200 нафар ҷавонпаҳлавонҳое, ки мактаби варзишии махсуси шаҳри Самарқанд, мактабҳои варзишии шаҳри Каттақӯрғон ва ноҳияҳои Булунғур, Каттақўрғон, Иштихон, Оқдарё, Чалак (Пайариқ) , Ургут, Пахтачӣ ва Ҷомбой асрори варзиш меомӯзанд, қувва озмуданд. Дар рафти мусобиқа паҳлавонони ҷавон ҳунарашонро намоиш карданд. Ҷавонпаҳлавонҳои ноҳияи Булунғур ба ҳисоби умумиҷамоавӣ ҷойи якумро, паҳлавонҳои Пахтачӣ ҷойи дуюм ва ҷавонпаҳлавонҳои оқдарёгӣ ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Ҷавонпаҳлавонҳо Отабек Абдуваҳобов, Акобир Суюнов, Шоҳзамон Мусоев, Дилмурод Аҳмадов, Бобурҷон Юсуфов, Нурфайз Абдуқодиров, Мирҷаҳон Ҳайдаров ва Дилмурод Усмонов мувофиқи тоифаҳои вазнашон чемпиони вилоят шуданд. Раббим ҲОТАМОВ, аксбардории муаллиф.