Мувофиқи гузориши Созмони умумҷаҳонии тандурустӣ, дар ду соли ахир шумори истеъмолкунандагони тамоку дар саросари ҷаҳон 19 миллион нафар кам шудааст. Дар ин давр ба 149 миллион нафар афзудани аҳолии рӯйи заминро ба назар гирем, ин натиҷаи хурсандибахш аст. Қобили зикр аст, ки шумораи кишварҳое, ки ҳоло сатҳи кашандагиро коҳиш медиҳанд, ба 150 адад расидааст. Дар ин бобат Бразилия пешсаф мебошад. Аз соли 2010 истеъмоли тамоку дар ин кишвар 35% кам шуда бошад, Ҳолланд бо нишондоди 30% дар ҷои дуюм аст.
Бо вуҷуди ин, тамоюли поинравӣ наметавонад сабаби қаноатмандӣ бошад. Зеро 1,25 миллиард нафар дар рӯи замин то ҳол тамоку мекашанд. Илова бар ин, дар шаш кишвар — Конго, Миср, Индонезия, Урдун, Уммон ва Молдова истеъмоли тамоку меафзояд.
Илова бар ин, шумораи бештари тамокукашҳо дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба қайд гирифта шудааст. 26,5 фоизи аҳолии ин ҷо тамоку мекашанд. Кишварҳои минтақаи Аврупо ҷои дуюмро гирифтанд. 25,3%-и аҳолии ин минтақа тамокуро истифода мебаранд.
Хидмати матбуоти Вазорати тандурустӣ.
