Ovozi.uz

Гурӯҳи кории ҷумҳурӣ мушкилиҳои 814 маҳаллаи вилоятро омӯхтанд

Тавре хабар дода будем, имрӯзҳо дар вилоят бо мақсади беҳсозии муҳити маънавӣ-маърифатии маҳаллаҳо, афзунсозии самаранокии кории “ҳафтгонаи маҳалла” гурӯҳи кории ҷумҳурӣ фаъолият пеш мебаранд. Дар муддати сипаришуда аз тарафи гурӯҳи корӣ дар 814 маҳаллаи вилоят корҳои омӯзишӣ гузаронида шуд.
Дар ин раванд эътибори асосӣ ба аниқ кардани мушкилиҳои аҳолӣ, дар ҷойи худ ҳал кардани онҳо, инчунин, бартараф кардани камбудиҳои фаъолияти 217 мақомоти худидоракунӣ, ки ба тоифаи “Маҳаллаи вазъаш душвор” дохиланд, нигаронида шуд. Бо ин мақсад, системаи нав аз рӯйи ҳамкории “ҳафтгонаи маҳалла” таҳия гардида, дар мисоли маҳаллаи Тепақишлоқи ноҳияи Тайлоқ “Таҷрибаи Тайлоқ” роҳандозӣ гардид.
Дар рафти корҳои омӯзишӣ муроҷиати 1429 шаҳрванд шунида шуда, 467 масъалаи мушкилотдор аниқ гардид. 963-то муроҷиат дар ҷойи худ ҳал гардида, аз рӯйи баррасии 419 муроҷиат корҳо идома доранд. Инчунин, 514-то муроҷиат ба “Харитаи роҳ”-ҳо дар сатҳи вилоят, ноҳия, шаҳр ва маҳалла дохил карда шуд.
Дар доираи чорабиниҳои омӯзишӣ, ки таҳти сарварии раиси Иттиҳоди маҳаллаҳои Ӯзбекистон Қаҳрамон Қронбоев амалӣ гардид, дар ташкили фаъолияти шӯъбаҳои ҳудудии иттиҳод кумаки амалӣ ва услубӣ расонида шуд. ба шӯъбаҳои ҳудудии Иттиҳоди маҳаллаҳои Ӯзбекистон дар вилоят зеринҳо роҳбар таъин гардиданд:
Шаҳри Самарқанд – Ҷамшед ҚОДИРОВ;
Шаҳри Каттақӯрғон – Абдулло РАҲМОНОВ;
Ноҳияи Нуробод – Латиф ҲАМРОЕВ;
Ноҳияи Пайариқ – Зоҳир ТУРДИЕВ;
Ноҳияи Пахтачӣ – Шуҳрат МУСУЛМОНОВ;
Ноҳияи Оқдарё – Рустам ҲУСАЙНОВ;
Ноҳияи Булунғур – Ҳасан ЭГАМБЕРДИЕВ;
Ноҳияи Тайлоқ – Акмал МИРЗОЕВ;
Ноҳияи Нарпай – Бекназар ЭРНАЗАРОВ;
Ноҳияи Каттақӯрғон – Илҳом НУРМУРОДОВ;
Ноҳияи Самарқанд – Шавкат ҲАСАНОВ;
Ноҳияи Пастдарғам – Бахтиёр ҚУЛМАМАТОВ;
Ноҳияи Ҷомбой – Умедвон МАМАТОВ;
Ноҳияи Ургут – Аслиддин БОБОЕВ;
Ноҳияи Иштихон – Комил ЯВКӮЧДИЕВ;
Ноҳияи Қӯшработ – Абдунабӣ ХОЛБЕКОВ.