Дар натиҷаи чорабиние, ки аз ҷониби ходимони Садорати вилоятии Хидмати амнияти давлатӣ гузаронида шуд, муайян гардид, ки Ф.О., сокини ноҳияи Оқдарё, ходими шӯъбаи посбонии байниноҳиявии Садорати посбонӣ дар Иштиҳон, ба шаҳрванди маҳаллие, ки нисбат ба ӯ кори ҷиноӣ боз шудааст, ваъда додааст, ки ба воситаи шиносҳои мансабдори худ кори ӯро ҳалли иҷобӣ мебахшад. Барои ин, ӯ аз шаҳрванди маҳаллӣ 1500 доллари ИМА талаб карда, ҳангоми гирифтани ин пул дастгир карда шуд.
Инчунин, дар давоми чорабинии дигар, муайян гардид, ки адвокат Ш.А. ба шаҳрванди маҳаллӣ ваъда додааст, ки ба воситаи шиносҳои мансабдори худ иҷрои чораи эҳтиётии ҳабсро бекор мекунад. Барои ин, ӯ аз шаҳрванди маҳаллӣ 600 доллари ИМА талаб карда, ҳангоми гирифтани ин маблағ дастгир карда шуд.
Ҳоло нисбат ба ин шахсҳо бо моддаҳои 168 ва 211-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ бурда мешаванд.

