Дар ноҳияи Ҷомбой бо мақсади ривоҷ додани соҳаи пиллапарварӣ ва баланд бардоштани фаъолияти занон дар соҳа семинари амалӣ барпо гардид. Дар чорабинӣ ҷонишини ҳокими вилоят, раиси шӯъбаи кор бо оила ва занон Зебинисо Раҳмонова, раиси Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Агропилла» Элбек Раҳмонов ва пиллапарварони пуртаҷриба ширкат варзиданд.
Агроном Марвар Бориева, ки солҳои зиёд дар ин соҳа кор кардааст, дар бораи ҷиҳатҳои муҳимми дар се мавсим парвариш кардани пилла маърӯза кард. Ӯ аз рӯи таҷрибаи худ ба пилакорон маслиҳату тавсияҳо дод.
Аз чумла, дар асоси таҷрибаи Ветнам ва Хитой дар бораи бо усули индустриалӣ парвариш кардани кирмак, зиёд кардани ҳавасмандии моддии пиллапарварон, барпо кардани тутзорҳо, дар шароити хона ба роҳ мондани истеҳсоли абрешим фикру мулоҳизаҳо баён карда шуданд.
Дар охир, як гурӯҳ пиллапарварон бо тӯҳфаҳои хотирмон сарфароз гаштанд.
