Ovozi.uz

6-уми март — Рӯзи зодрӯзи Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ (1889-1929)

НАМУНАҲО АЗ ҒАЗАЛИЁТИ ФОРСИИ ШОИР БО ТАХАЛЛУСИ НИҲОН

МОҲИ ТОБОНАМ КУҶО?
Дар шаби торики ман он моҳи тобонам куҷо?
Ту куҷою дил куҷо ё ҷони ҷононам куҷо?

Сӯхтан аз шавқи худ парвои ин парвона нест,
Ман куҷо дар зулматам, шамъи шабистонам куҷо?

Аз фиғону нолаам мурғони субҳ озурда шуд,
Гӯ ба ман, эй субҳ, он хуршеди рахшонам куҷо?

Қатраи абр оварад дар ҳар куҷо сабзи чаман,
Ин қадар аз чашмаҳои абри найсонам куҷо?

Кай шавад хушнуд як дам дил дар ин мотамсаро,
Ин куҷою он куҷо, лабрези хандонам куҷо?

Эй табиби нохирад, кардан даво кори ту нест,
Ту куҷо, Луқмон куҷо, бо дард дармонам куҷо?

Дар ғами бечорагӣ дар ҷанг дандонам ба санг,
Орзуи дил куҷо, ё айши давронам куҷо?

Чашм бикшо оқибат бар хок меуфтӣ, Ниҳон,
Ёру дӯстонат куҷо, ин умри бӯстонам куҷо?

МАҶНУНИ ШАЙДОРО
Биё, соқӣ, бидеҳ аз май бар ин Маҷнуни шайдоро,
Ки аз худ бехабар гардад, надонад рӯзи фардоро.

Зи дасти ишқи ӯ аз коми дунё доман афшондам,
Ба худ хилватсаро созам дар ин дам кӯҳу саҳроро.

Надидам як дили беғам, нафас ҳаргиз наосудам,
Надонистам чӣ бошад оқибат ин кори дунёро.

Касе озод натвон шуд зи дасти ин аҷал охир,
Ки дар зери лаҳад созад гадою шоҳи симоро.

Ҳама оҳу фиғон бо булбули шӯрида меояд,
Зимистон фаcли худ дорад, чи донад қадри раъноро.

Ниҳон, аз худ хабар боре надорӣ, чашми дил бикшо,
Бубин, оё чи ҳосил мекунад таҳсили уқборо.

ДИЛО ҒОФИЛ МАШАВ
Дило, ғофил машав ҳаргиз, нигар гардуни дунёро,
Шумор имрӯзаро фурсат, махӯр андуҳи фардоро.

Дар ин ҷодуйи кажпаҳлу фиреби сад ҳазоронест,
Куҷо бигузошт Луқмону Сикандар дори Синоро.

Макун асрори худ зоҳир ба назди ҳар касу нокас,
Кушуди ғунчаҳо орад хазони барги зеборо.

Мазан дар ҳар куҷо оҳу фиғон монандаи булбул,
Ки созӣ оқибат бо сар қафас рӯйи чаманҳоро.

Ҳазорон беҳ хамушидан ва гар хуни ҷигар гардӣ,
Ки орад лола бо сад доғ сайри файзи саҳроро.

Гуҳар пайдо кунад дар вақти худ як қатраи найсон,
Чи ҳосил аз шитоби абри борон санги хороро.

Сукуте беҳ бувад ҳар дам, Ниҳон, аз носазо гуфтан,
Кушода моҳиён лаб мекунад хун оби дарёро.

ОН ПАРӢ
Он парӣ абрукамон оҳуи чашмаш масти хоб,
Ҳеч парвое надорад бар мани мискин хароб.

Аз шарори оташи ишқаш ҷигарҳо сӯхта,
Мебарояд аз димоғам ҳар нафас бӯйи кабоб.

Ҳеч кас дар фурқати он шӯхи золим — муғбача,
Рӯзҳо девонагӣ, шабҳо набошад дар азоб.

Кист ҳосил мекунад аз васли ӯ як дам мурод,
Ҳар касе ошиқ шавад, он дам ба марг орад хитоб.

Сар ба бахти остон қурбони хокаш кардаам,
Рӯ наметобам, ки ман аз ханҷари он заҳртоб.

Хилвате шуд гуфтам, эй барно, мусулмонӣ куҷо?
Ту чаро раҳме надорӣ ё намехоҳӣ савоб?

Бо табассум гуфт он дар гӯши ин мискин Ниҳон:
“Ҷон бигӯ, ҷонон маҷӯ, аз ҷон гузар, ҷонон биёб.”

ПАРИЧЕҲРА
Паричеҳра дорам, ки ҳуснаш камол,
Ба таърифи васфаш забон ҳамчу лол.

Ва гар гӯшаи сурма тезаш набуд,
Қарори ҷаҳон буд амри маҳол.

Лабаш ҷонфизойӣ намекард, оҳ,
Ҳаёте куҷо буд ин қили қол.

Аз он дасти сайёду з-он тири ӯй,
На зоҳид халос аст, на аҳли аёл.

Дигар нахл дорад, дигар тозагӣ
Тамом аст бо ин висоле мисол.

Харидори як тори зулфаш шудам,
Бихандиду гуфт, эй фонихаёл.

Илоҳӣ, тараҳҳум атое намой,
Ки мушкил расида ба ҳасби манол.

Ниҳон он қадар мекашид оҳи сӯз,
Расиди ба пӯлод гар вай завол.

ЭЙ САНАМ
Эй санам, аз лутфи ту девонаҳо дорад умед,
Ваҳ ба ин шӯри ҷунун афсонаҳо дорад умед.

Дар хаёли шуълаи шамъи висолат рӯз маст,
Шаб барои сӯхтан парвонаҳо дорад умед.

Орзуи як чашидан ғунчаи майгунлабат,
Ҳар сабоҳ дар бӯстон гирёнаҳо дорад умед.

Рӯ наметобад зи теғи обдорат ошиқон,
Дар муроди васли ту қурбонаҳо дорад умед.

Сар барад кай ин Ниҳон аз остони раҳматат,
Бо ба сад куфру хато бегонаҳо дорад умед.