Ovozi.uz

Саёҳати донишомӯзон дар ҳафтаи сайёҳӣ

Аз 20-уми марти соли равон ба муносибати ҷашни Наврӯз ва бо мақсади таъмини қарори Президенти мамлакат аз 30-юми апрели соли 2022 “Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба диверсификатсияи хидматҳои туризми дохилӣ” дар саросари кишвар “Ҳафтаи сайёҳии ҷавонон” оғоз гардид. Ба ин муносибат барои хизматрасониҳои соҳаи сайёҳӣ ба таври ихтиёрӣ имтиёз ва аксияҳо пешниҳод карда мешаванд.
Дар доираи ҳафтаина хонандагони синфи 7 “А”-и мактаби таълими умумии рақами 60-и шаҳри Самарқанд таҳти роҳбарии муаллима Гулноза Аҳророва аз музейи Афросиёб ва расадхонаи Улуғбек дидан карданд. Дар осорхона ба хонандагон оиди таърихи музей видеоролик намоиш дода шуд.
– Мо ҳангоми тамошои расадхона бо бозёфтҳои таърихии ин маскан ошно гардидем. Аз ҷумла, тангаҳои ҷашниеро дидем, ки ба муносибати 600 ва 615-солагии Улуғбек баровардаанд. Донишомӯзон деворҳои дохили расадхонаро, ки кайҳон ва кураи замин тасвир ёфтааст, бо завқ тамошо карданд. Инчунин, дар бораи китоби “Зиҷи ҷадиди Курагонӣ” маълумот гирифтанд,- гуфт муаллима Гулноза Аҳророва.
Асалой САРХАТЗОДА