Ovozi.uz

Дар Самарқанд Ҷоми ҷаҳонии триатлон баргузор мешавад

Рӯзҳои 18-19-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд чемпионати ҷаҳон аз рӯйи триатлон (“World Cup Triathlon Samarkand – 2024”, “World Triathlon Para Cup Samarkand – 2024”) баргузор мешавад. Ҳамчунин, дар доираи мусобиқот чемпионати Ӯзбекистон ва форуми навбатии Конфедератсияи триатлони Осиё, Конгресси Ассотсиатсияи триатлони Осиёи Марказӣ доир мегардад.
Ба ин муносибат ҷамъомади нахустини штаби зудамал аз рӯйи гузаронидани мусобиқа барпо гардид.
Ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов, саркотиби Федератсияи триатлони Ӯзбекистон Елена Кун ва дигар масъулон масъалаҳои вобаста ба ташкили мусобиқаро баррасӣ карданд. Зикр гашт, ки мусобиқаҳои имсола тавассути Eurosport, шабакаҳои расмии Федератсияи ҷаҳонии триатлон ва дигар шабакаҳои телевизионии бонуфузи хориҷӣ ба таври мустақим намоиш дода мешавад. Бинобар ин, таъкид шуд, ки ҳар як ташкилоти мутасаддӣ бояд ба равандҳои омодагӣ бо эътибори махсус муносибат кунад.
– Мусобиқаҳои ҷоми ҷаҳонии “World Triathlon Cup Samarkand – 2024” ва “World Triathlon Para Cup Samarkand – 2024” яке аз мусобиқаҳоест, ки мадди назари аҳли ҷаҳон қарор дорад, – гуфт директори иҷроияи Федератсияи триатлони Ӯзбекистон Руслан Кулиев. – Зеро, ин мусобиқаҳо барои варзишгарон имкониятест, то ба олимпиадаи Париж роҳхат бигиранд. Аз ин рӯ, шавқу ҳавас ба мусобиқа хеле зиёд аст. Дар он иштироки беш аз 300 варзишгари касбии байналмилалӣ дар назар аст.
Дар ҷамъомад ба намояндагони ташкилотҳои масъул барои таъмини бехатарӣ дар хатсайрҳои баргузории мусобиқа, омода намудани ин хатсайрҳо тибқи талаботи зарурӣ, таъминоти нақлиёт, таҷҳизоти техникӣ ва дигар тадбирҳо вазифаҳо супурда шуд.
Ёдовар мекунем, ки рӯзҳои 7-8 сентябри соли ҷорӣ мусобиқаи байналмилалии триатлон бо номи «Challenge Samarkand — 2024» низ баргузор мешавад.
Мухбири рӯзнома.