Ovozi.uz

Намоишгоҳи бозёфтҳои археологии Шарҷа дар Самарқанд

Дар Арт-резидентсияи назди Донишгоҳи байналхалқии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии «Роҳи абрешим»-и Самарқанд намоиши бозёфтҳои археологии Аморати Шарҷа кушода шуд.
Дар чорабинии кушодашавии он Вазири экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбиҳои иқлими Ҷумҳурии Ӯзбекистон Азиз Абдуҳакимов ва раиси иҷрочии ҳукумати Аморати Шарҷаи АМА Шайх Фаҳим ибн Султон ол Қосимӣ, сардиректори Садорати археологияи Шарҷа Эйза Юсуф дар бораи муносибатҳои фарҳангии Ӯзбекистону АМА ҳарф зада, таъкид намуданд, ки муносибатҳои ин самт торафт қавитару мустаҳкамтар мегарданд.
— Шарҷа шаҳри қадима аст ва дар он ҷо экспонатҳои таърихии зиёд пайдо гардидааст, — гуфт А.Абдуҳакимов. — Ҷиҳати ҷолиби диққат дар он аст, ки 80 дарсади ин экспонатҳо бори аввал дар Ӯзбекистон намоиш дода мешаванд. Дар намоишгоҳ зиёда аз 170 бозёфтҳои бостонӣ ҷой гирифтаанд, ки таърихи муносибатҳои Арабистону Осиёи Марказӣ ва ба даври аз неолит то исломи Аморати Шарҷа тааллуқ доранд.
Шайх Фаҳим ибн Султон ол Қосимӣ ҳам қаробати таърих ва фарҳанги Ӯзбекистону Аморати Муттаҳидаи Арабро эътироф намуд.
— Айнан дар Ӯзбекистон кушода шудани намоишгоҳи бозёфтҳои археологии Шарҷа аҳамияти хоса дорад, — гуфт ӯ. — Барои он ки ин ду кишвар фарҳанг, таърих ва эътиқоди муштарак доранд.
Бино ба маълумоти Садорати археологияи Шарҷа, ин гуна намошигоҳ аввал дар Ҷопон, Испания ва Белгия дар савияи баланд ташкил гардида будааст.
Бояд гуфт, ки бозёфтҳои археологии намоишгоҳ дар ёдгории археологии Млейхаи Шарҷа пайдо гардидаанд. Қисми зиёди бозёфтҳоро зарфҳои аз тилло, нуқра, оҳан, устухони фил, алебастр, шиша ва ғайра сохташуда ташкил дода, нишонаҳои маданияти Миср, Юнон, Рим, Парфия, Осиёи Миёна ва Ҳиндустони қадима мебошанд.
Намоишгоҳ то 22-юми май идома меёбад.

Ҳасан СУЛАЙМОНӢ