Ovozi.uz

Мақсад: афзунсозии сифату самаранокии хидматрасонии тиббӣ

Тандурустӣ

Дар мамлакатамон баробари соҳаҳои дигар дар сохтори тандурустӣ низ як қатор корҳои васеъмиқёс ва ислоҳоти самарабахш амалӣ мегарданд. Алалхусус, дар ҳудудҳо чораҳои ҷоринамоии механизмҳои суғуртаи давлатии тиббӣ дида мешавад. Бо ин мақсад, Фонди суғуртаи давлатии тиббӣ ташкил карда шуд.
Ҳангоми ҷорӣ намудани суғуртаи давлатии тиббӣ аз аҳолӣ ягон хел пардохт талаб карда намешавад, балки саломатии онҳоро давлат суғурта мекунад. Аз тарафи давлат ба тартиб андохтани бозори хидматҳои тиббӣ кафолати ёрии тиббӣ барои тамоми табақаҳои аҳолӣ аст.
Ба воситаи дар муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо роҳандозӣ намудани механизмҳои суғуртаи тиббӣ, аҳолӣ бо хидматҳои тиббӣ ва воситаҳои доруворӣ аз ҷониби давлат кафолатдода таъмин мегардад. Масалан, муоинаи тиббӣ, ташхиси лабораторӣ, доруҳое, ки ба доираи ёрии кафолатноки тиббӣ дохил мешаванд, аз ҳисоби давлат ба беморон ройгон дода мешаванд.
Доруҳо мувофиқи рӯйхате, ки шифокорони оилавӣ навиштаанд ва пешниҳоди мутахассисони соҳаи маҳдуд дар асоси дастури тиббӣ ройгон дода мешаванд. Инчунин, ба шифохона бистарӣ шудан ва ба мутахассисони соҳаи маҳдуд муроҷиат кардан дар асоси роҳхати шифокори оилавӣ амалӣ мегардад. Ин имкон медиҳад, ки пардохтҳои ғайрирасмии хидматҳои тиббӣ пешгирӣ карда шаванд.
Аз ин рӯ шахсони имтиёзнок имкониятҳои навро пеш меоранд. Мувофиқи қарор шахсони имтиёзнок дар асоси роҳхати электронӣ табобат гирифта, ёрии тиббӣ аз ҳисоби фонди суғуртаи давлатии тиббӣ пардохт мешавад.
Ҳамзамон дар муассисаҳои тиббӣ рӯихати бемориҳоеро, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ табобат мекунанд, ташаккул дода, барои ҳар як беморӣ нархҳои базавӣ тасдиқ шудааст. Фонди номбурда барои табобати шахсони имтиёзнок бо 14 маркази ҷумҳуриявӣ, 11 муассисаи сатҳи ҷумҳуриявӣ, 41 муассисаи тиббии вилоятӣ, 30 муассисаи тиббии ғайридавлатӣ ҳамкорӣ дорад.
Соли 2022 фонд барои табобати 712 бемор (дар 278 бемор ҷарроҳии дил, 226 ҷарроҳии чашм ва 11 ҷарроҳии гурда) 9,2 миллиард сӯм пардохт карда бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2023 ба 43 миллиарду 955 миллион сӯм расид.
Аз ҳисоби ин маблағ дар 5211 нафар бемор ҷарроҳии технологиро анҷом доданд. Аз ҷумла, дар филиали Маркази ҷумҳуриявии тиббии илмӣ-амалӣ микрохирургияи махсуси чашм дар Самарқанд 516 нафар, дар маркази тиббии бисёрсоҳаи вилоят 502 нафар (дар 15 нафари онҳо пайванди гурдаро гузарониданд)-ро ҷарроҳӣ карданд.
Мақсади асосии ин тағйиротҳо баланд бардоштани сифат ва самаранокии хидматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, васеъ намудани доираи ёрии таъҷилии тиббию санитарӣ, тадриҷан ҷорӣ кардани низоми суғуртаи тиббӣ дар соҳа, фароҳам овардани шароити хуби рақобатпазир мебошад.

Даврон РАЗЗОҚОВ