Шоири халқии Ӯзбекистон Муҳаммад Юсуф 26-уми апрели соли 1954 дар ноҳияи Марҳамати вилояти Андиҷон таваллуд шудааст.
Нахуст, дар «Ҷамъияти китобдӯстон» — и ҷумҳурӣ, сипас дар рӯзномаи «Тошкент оқшоми», нашриёти Адабиёт ва санъати ба номи Ғафур Ғулом, солҳои зиёд дар вазифаи котиби Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон фаъолият нишон додааст. «Таниш тераклар», «Булбулчанинг бир гапи бор», «Илтиҷо» барин маҷмӯаҳои зиёди шеърии ӯ нашр гардидааст.
Шоири маҳбуб соли 2001 дар синни 47-солагӣ аз олам гузашт.
Аё фарзанд, аё, эй нури дида,
Намесӯзад туро бар ҳоли ман ҷон?
Шудам афтода аз бемории бод,
Туро як бор бинам, нест армон.
Ба боми чакка бигзашта бимонам,
Ки барад рӯзу шаб аз чашм-ш борон.
Дар ин дунё магар монанди ман ҳаст,
Ду чашмаш дар раҳи фарзанд гирён?
Бимондам якка дар ҳавлии додот,
Хаёлам мешавад ҳар сӯ парешон.
Хавотир мекашам, тарсам аз он аст:
Нависӣ шеърҳо дар ҳаққи шоҳон.
Бигӯ худ, бо шаҳон бозӣ равояст?
Чи лозим баҳри як деҳотӣ ашъор?
Шавӣ зиқ, о ба деҳа — зодгоҳат,
Савори асп дар саҳрои ҳамвор.
Бибар аз ёд шеъру шоириро,
(Ки аз шеърат ҳама розӣ набудаст).
Ба ҳаққи шоҳ Бобур, ҳам суханвар,
Навиштан шеъри нав бозӣ набудаст.
Аё, эй гавҳари чашмам — писарҷон,
Намесӯзад дилат оё ба ҳолам?
Канори хона чанде бистариям,
Барорам берун, ай ширинмақолам.
Бимирам рӯи дастат,
нест армон…
(Аз ӯзбекӣ тарҷумаи Абдулло Субҳон)
